Дэниел Коутс: Русия ба  раҳбарони Осиёи Марказӣ фишор меоварад

Дэниел Коутс: Русия ба  раҳбарони Осиёи Марказӣ фишор меоварад

 Русия  ба раҳбарони Осиёи Марказӣ фишор меоварад. Русия барои халалдор кардани мулоқоти байни онҳо  бо Вашингтон ва бо мақсади дастгирӣ кардани соҳаи иқтисодиёт ва бехатарии Русия   ба  тазйиқ даст мезанад.  Дар ин хусус раҳбари иктишофоти  Миллии ИМА  Дэниел Коутс дар муроҷиати  хаттии конгересси мамлакат, маълум кард. Муроиҷиат дар сомонаи расмии қумитаи мудофиаи Сенат ҷойгир аст ва ба даъватномаи назди ҷамъияти иктишофи ИМА бахшида шудааст.

Дар матн омадааст:-“ Русия ба раҳбарони Осиёи Марказӣ  фишор мерасонад. Ҳамзамон, хавотириҳои Москва дар масъалаи ДОИШ-и  Афғонистон афзун шуда, барои  қавӣ гардонидани мавзеъгирии худ дар соҳаи бехатарӣ дар минтақа такон медиҳад”.

Чунончӣ дар санад омадааст:-“  Тарзи давлатдории номунтазам дар  мамлакатҳои иқтисодашон заъиф хатари ифротгароиро бештар месозад. Беш аз ҳама байни муҳоҷироне, ки аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ва мамлакатҳои дигар барои  меҳнат мераванд, гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ сад дарсад аст.  Ин ҷиҳат низ барои Осиёи Марказӣ, барои Русия ва ҳамчунин ба Ғарб таҳдиди азим тавлид менамояд”.

“Хитой бо эҳтимоли том таъсирашро дар Осиёи Марказӣ бештар месозад – ба Русия масъалаҳои бехатарӣ ва сиёсиро боқӣ мегузорад — ин бесуботии минтақавӣ ба манфиати иқтисодии Хитой зарар мерасонад ва барои сар задани хатари  гурӯҳҳои таасубгар шароити мусоид фароҳам меоварад. Ба иттилои Пекин, дар паёмади кор  барои ҷангҷӯёни уйғуртабор имконияти анҷом додани амалиётиҳои ниҳебафганӣ  ба миён меояд”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт