Қазоқистон барои  мубориза алайҳи терроризм 840 миллион доллар ҷудо мекунад

Қазоқистон барои  мубориза алайҳи терроризм 840 миллион доллар ҷудо мекунад

 Бино бар иттилои  “Vlast.kz”,  ҳукумати Қазоқистон рӯзи 6 марти соли равон, барномаи нав дар бораи мубориза зидди экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2018-2022 , тасдиқ намуд. Ноиби раиси қумитаи  амнияти Миллии ҷумҳурии Қазоқистон  Нургалӣ Билисбеков санади мазкурро ба ҷаласаи маҳкамаи Вазирон  пешкаш намуд  ва таъкид кард, ки “ барнома муқобили пиндорҳои радикалӣ, чунончӣ, зидди ҷунбишҳои таасубгари зӯровар ва  ифротгароӣ, нигаронида шудааст.

“ Мувофиқи барномаи тоза 80 чорабинӣ роҳандозӣ мешавад, аз байни онҳо 35 то соҳиби мақоми махсус мебошанд. Тибқи нақша дар мобайни панҷ соли оянда барои амалӣ гардонидани он беш аз 270 миллирд  тенге ( зиёда аз  840 $ доллар) маблағ   ҷудо карда  мешавад”- гуфт Билисбеков. Бино бар гуфтаҳои вай  маблағи мазкур “ барои  таъмин намудани органҳои махсус ва ҳифзи ҳуқуқ бо техникаҳои замонавӣ, таҷҳизонидан бо яроқу аслиҳа ва васоити тамғаи навин, ташкил кардани чораҳои профилактикӣ, чунончӣ, барои такмили ихтисоси кормандони шӯъбаҳои ҳифзи ҳуқуқ масраф мешавад”.

  Ба қавли  вай, “ дараҷаи самаранокии корҳои анҷомдода шуда бо омор чен карда мешавад, дар ин ҷо динамикаи    паст шудани теъдоди ашхоси мутаасиршуда аз ифротгароӣ дар назар дошта шудааст”. Ҳамин  тариқ, дар паёмади чораандешиҳои қабулшуда,  пешбинӣ шудааст, ки то ба соли 2022   теъдоди қазоқистонии  мутаасиб то ба 65 дарсад поён мефарояд. Дараҷаи тайёрии хадамоти махсус барои хомӯш кардани туғёни террор, бартараф  ва пешгирӣ кардани он, бояд ба 95 фоиз афзун шавад.

Барномаи нави давлатӣ ба солҳои 2013-2017  муайян шудааст ва идомаи барномаи дерин буда, натоиҷи он дар ҷаласаи ҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад ёфт. Билисбеков ба тариқи изофа афзуд:-“ Дар натиҷаи ташаккул додани фаъолияти контрразведка ва муносибатҳои байниидораҳо , аз соли 2013 инҷониб  барои ҷилавгирии 38 ҳаракати ифротгарӣ  муваффақ шудем”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт