Минбаъд  дар Саудия шунавидани суруду мусиқии Ҷазз ҳалол  аст

Минбаъд  дар Саудия шунавидани суруду мусиқии Ҷазз ҳалол  аст

Тавре ки мегӯянд “ Офтобро бо доман пинҳон карда намешавад”. Инак, таъсири сиёсати ИМА дар Арабистон ошкор гардид. Муфтии давлатӣ Шайх Абдул-Азиз Олӣ Шайх, барои шунидани суруду мусиқии “Jazz”-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷозат дод.

То ба имрӯз мувофиқи фатово шунавидани  ингуна суруду мусиқӣ дар Арабистони Саудӣ тамоман мамнӯъ буд. Вале , ба андешаи Шайх Абдул-Азиз Олӣ Шайх далелҳои уламои дерина, ки мусиқиро мамнӯъ медонистанд сиҳҳат надорад ва санади ҳадисҳои овардаашон заиф аст. Ба фикри муфтӣ намуди мусиқии “Jazz” ҳаром нест ва он яке аз  давраҳои рақсу бозӣ ба ҳисоб намеравад. Чунки он намуди мусиқӣ дар забони аҷнабӣ садо медиҳад, ки мазмуни он барои араби мусулмон нофаҳмо аст.

Дар хабарҳои ахир гуфта мешавад,  ки бар сарварии маркази “ осоишу фароғат” дар пойтахти Саудия Риёз, шаби панҷшанбе нахустин фестивали  “Jazz”  кушода шуд. Дар чаҳорчӯбаи озодандешӣ, фестивали мазкур дар мамлакат 3 рӯз идома ёфт.

Қаобили эътироф аст, ки  чанде пеш сомонаи расмии маркази “ фароғату истироҳат”-и Арабистони Саудӣ,  як хабарро маълум кард. Мувофиқи он дар шаҳри Ҷиддаи Саудия хонаи опера таъсис меёбад.

Бино бар изҳороти охирини раиси ҳайъати асосии “Истироҳату фароғат” Аҳмад ибни Уқайл ал-Хатиб, дар Арабистони Саудӣ мобайни даҳ соли охир баҳри рушди соҳаи истироҳату фароғат ба миқдори 240 миллиард риёл ( 65 миллиард доллар) сармоя гузошта мешавад.  Ин маблағро аз секторҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷамъ меоваранд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт