Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни марказҳои таҳлилии Ўзбекистон ва ИМА

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни марказҳои таҳлилии Ўзбекистон ва ИМА

 Институти тадқиқотии  Стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди президенти Ӯзбекистон  (СМТИ) ва  институти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар назди шӯрои сиёсати хориҷии ИМА (CACI) , ба ёддошти ҳамкориҳои минбаъда, имзо гузоштанд.

Бино бар хабарҳо, дар вохӯрии Вашингтон , байни раҳбари СМТИ Владимир Норов ва директори CACI С. Корнелл санад марбути барпо  кардани ҳамкориҳои илмии ҳаматарафа дар соҳаҳои манфиатовар, имзо ёфт. Зимни мулоқот тарафайн доир ба тақвият бахшидани алоқаҳои байни ду ташкилот мубодилаи афкор намудаанд.

 Ба андешаи Корнелл, сиёсати хориҷие, ки феълан раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷорӣ кардааст, барои тавсеа додани ҳамкориҳои байни ду давлат иқдоми хайр хоҳад буд ва ифтитоҳи истиқболи тоза мегардад.   Аз рӯи хабарҳои расида, тарафҳо доир ба масоили ҳалталаби бехатарии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули нишастҳои илмӣ-амалии байалмилалӣ, созиш карданд.

Ёдовар  мешавем,  CACI маркази таҳлилии Вашингтон оид ба Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Тавъам, институт  дар омӯхтаи сиёсати Хитой, Туркия ва собиқ давлатҳои иттиҳоди Шӯравӣ, тадқиқоти фаълона мебарад.

Дар фарҷоми  вохӯрӣ, ширкаткунандагон барои ба механизми босамар табдил додани мақсад ва вазоифи муштараки ду давлат созиш  карданд.

Туркистон: 

Дар ИМА  марказҳои пажӯҳишгоҳи таҳлилӣ  вуҷуд дорад, ки гуфтан мумкин аст  аз болои тамоми давлатҳои дунё кор мебарад. Дар аввали кор онҳо бо раҳбарони мамлакатҳо, нухба, менталитети халқ, фазои динӣ, неруҳои мухолифат ва шароитҳоро меомӯзанд. Ҳамчунин ингуна институтҳо лоиҳаҳои муҳимро  роҷеъ ба ташаккул додани алоқаҳои байни мамлакатҳо ва ИМА-ро, ки бар фоидаи ИМА бошад, тарҳрезӣ мекунанд.

Лекин ин институтҳои таҳлилӣ , фақат барои  фоидаҳои ИМА кор мебарад. Аз ин мебарояд, агар ягон давлат бар асоси таҳлили онҳо кор барад, бешубҳа фақат  ба хотири фоидаи ИМА мешавад.

Агар ба таърих назар афканем, ҳолати сохтори Асад, тақдири  Қаззофӣ ва бӯҳрони  Саддам Ҳусайн, ба қотили ҷияни худ табдил ёфтани шоҳи Сауд..  ва ҳоказо, айнан тавассути машварати координаторҳои  маркази таҳлилии ИМА роҳандозӣ шудааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт