Ашраф Ғанӣ:  Толибонро ҳамчун гурӯҳи сиёсӣ эътироф мекунем

Ашраф Ғанӣ:  Толибонро ҳамчун гурӯҳи сиёсӣ эътироф мекунем

 Раисиҷумҳури Афғонистон  Ашраф Ғанӣ ҷунбиши сиёсии  “Толибон”-ро ҳамчун гурӯҳи сиёсӣ эътироф менамояд. Ин хабарро сомонаи  Sputnik  иқтибосан  аз  шабакаи телевизионии  Tolo News пахш кардааст.

 Мувофиқи иттилои телеканал, Ашраф  Ғанӣ   маълум кард, ки ҳукумати Афғонистон ба толибҳо ва аҳли хонаводаи онон шиноснома дода, аз болои аъзои ҷунбиш таҳоримро  бекор мекунад

“Тавъам мо ният дорем толибони маҳбусро озодӣ диҳем”- изофа намуд президенти Афғонистон.

Чунончӣ,   бехатарии  аъзои “Толибон”, ки ба ҷараёни сулҳи ҳукуматӣ пайвастааст, таъмин карда мешавад. “Дар музокироти сулҳпарварӣ афкори Толибонро ба инобат мегирем”-  эзоҳ дод ӯ. Бояд ёдовар шуд, ки  моҳҳои ахир авзоъи Афғонистон муташанниҷ гашт. Ҷумбиши “Толибон”, ки ҳудуди васеи навоҳӣ ва деҳоти мамлакатро ишғол намудаанд, ба шаҳрҳои калон  ба ҳамла гузашт. Дар қаламрави мамлакат таъсири “Давлати  Исломӣ” низ рӯзафзун сахттар шуд.

Туркистон: 

Вазъияти Афғонистон торафт муташанниҷ шуда истодааст. Президенти кишвар Ашраф Ғанӣ қабл аз ҳолати қалбакии ҷангӣ, ки чашмдошт аст аз ҷониби ИМА сар бардорад, мехоҳад мавзеъгирии  худро қавӣ созад. Вай мехоҳад ба адовати байни худ ва Толибон зоҳиран барҳам дода, тактикаи ҳамкориро  роҳандозӣ кунад. Ҳатто мумкин аст худи  ӯ аъмоли палидонаи нақшаи ИМА-ро, ки мехост тавассути ДОИШ содир кунад, ба анҷом расонад! Аз ин рӯ, Ашраф Ғанӣ, ( бечунучаро бо машварат ва таҳти таъсири ИМА)бо Толибон алоқаҳои қавӣ ба роҳ монда, дар сурати сар задани ҷанг метавонад онҳоро бо яроқу аслиҳаи пуштибонӣ намояд. Тамоми ингуна кирдорҳо, бешубҳа бар сарварӣ ва бо сенёрияи ИМА роҳандозӣ мешавад.

Асоситарин мақсади онон, байни Толибон ва ДОИШ ҷанг эҷод карда, идома додани ҷанги навбатии бародаркушӣ аст. ИМА ва ҳукумати Афғон бошад, назораткунанда, такондиҳанда ва ҳарду муваззаф аст тарафайнро бо аслиҳаҳои нав ба нав пуштибонӣ намоянд!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт