Дар Туркманистон барои харидани орд маълумотномаи махсус ва сабт шарт аст

Дар Туркманистон барои харидани орд маълумотномаи махсус ва сабт шарт аст

Агар аҳолии Туркманистон ба маҳсулоти ордӣ ниёзманд бошад, пас аз онҳо маълумотномаи маъмурияти ноҳия талаб карда мешавад.  Бино  бар иттилои хабарнигори «Хроники Туркменистана»,  фарди дорои маълумотномаи махсус, барои аҳли хонавода дар давоми як моҳ метавонад фақат як линча ( 50кг) орд харид намояд.

Ба сабаби чунин маҳдудиятҳо, дар назди бинои шӯрои ҷамоатӣ – Генгешей ( органҳои худидоракунанда), бо нияти ба даст овардани маълумотнома (справка) дар навбати  дурудароз   меистанд. Чун ҳарвақта, дар Туркманистон норасогии орд мушоҳида мешавад. Ба тариқи мисол барои ҳалли мушкилоти вилояти Дошоғуз, зарурати овардани орд аз манотиқи дигар пеш меояд. Бар замми ҳамаи инҳо, на танҳо барои хариди орд, балки барои маҳсулоти нонӣ, ки эҳтиёҷоти рӯзмарра ба шумор меравад, мардум навбат мепоянд. Фурӯшандагон , дар ҷараёни  савдои маҳсулоти ғизоӣ, аз харидорон қайди суроға талаб мекунанд. Маҳсулотро  фақат  барои аҳолии ҳамон ноҳия мефурӯшанду халос. Чанде қабл  Радио «Азатлык», аз вилояти Дашоғуз хабар пахш карда маълум карда буд, ки ниёзмандии аҳолӣ ба маҳсулоти нонӣ ба таври кофӣ қонеъ карда намешавад. Бино бар хабарҳо аз  сокинони вилояти Дашоғуз зимни харидани орд,  маълумотнома оид ба пардохти газ ва неруи барқӣ талаб карда шуда, танҳо дар сурати қарздор набудани онҳо  орд дода мешавад.

 Хотиррасон мекунем, соли 2017   дар Туркманистон ба даст овардани ғалла ба миқдори 1 миллион 600 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, вале танҳо 1 миллион тонна ҳосил ғундошта шуду халос. Дар паёмади он, андаруни мамлакат норасогии орд пайдо шуду, ба фурӯши он маҳдудиятҳо ҷорӣ гардид. 19 феврали соли равон, раисиҷумҳури Туркманистон қонуни нав бароварда,  якояки ҳокимони вилоятҳоро муваззаф кард, то ин ки ба кишукори ғаллаи имсола таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ба андешаи ӯ, агар   ғизонокии  заминҳои корамро тақвият бахшанд, пас бечунучаро ҳосилхез хоҳад шуд.

Туркистон:

Одатан,  ҳаргуна афроде , ки хабаре аз сарзамини Туркманҳо мешунавад, беихтиёр як қад мепараду бо диққати том гӯш ба қимор мешавад. Ногуфта намонад, ки воқеан аҳвол қобили таваҷҷӯҳ аст. Баъди пош хӯрдани ИҶШС , назар ба дигар давлатҳои ИДМ , дар Туркманистон сохтори диктаторӣ ба осонӣ барпо  гардид. Зеро  собиқ президент Сапармурад Ниязов  ҳанӯз дар даврони ҳукмрониаш шаҳрвандони худро таҳти  фишори сахт  қарор дода, мутеъи сохтори худ намуд. Ҳаргуна ахбору маълумоти  дохили мамлакат махфӣ нигоҳ дошта шуда, тамоми васоити Ахбор низ таҳти назорати шадид буд.

Ҳеҷгуна асрори дохили кишвар паҳн намешуд, берун намебаромад, умуман ҷараёни  ҳодисаҳои рухдодаи дохили мамлакат, таъмин мешуд. Аз ин мебарояд, ҳаргуна хату хабаре, ки гӯё дар Турманистон ҳаёте шабеҳи коммунизм ҷорӣ аст, як фасонае беш нест ва тамоман сиҳҳат надорад. Аз маълумоти боло хулоса карда гуфта метавонем, ки феълан дар ҳар кадом кунҷи олам “ хурӯс як намуд ҷеғ мезанад”.

Оё аз сохторе, ки  зидди ҳукми Парвардигораш мебарояд,  дар кишвар ба диндорон маҳдудиятҳои сахт роҳандозӣ мекунад, барандагони даъватро ба ҷазои ҳабси якумра маҳкум менамояд, Қуръони Каримро, ( Каломи Офаридгорашро) месӯзонад, магар мунтазири адолат шудан роиҷ бошад?!

Шояд президент “агар ман қарор кунам ва бифармоям тамоми корҳо ҷо ба ҷо мешавад”- гуфта гумон кунад. Ҳол он ки соҳиби ризқу рӯзӣ Аллоҳ аст! Агар Худованд аз замин баракатот бардорад, ҳазор лоиҳаи бандагонаш, қавонину қарорҳо фоида намеоварад! Агар мутафаккирони тамоми олам муттаҳид шуда, баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёт машварат намоянд, аздусар меҳнати онон бесамар ё ин ки пурнуқсон хоҳад монд.

Азизон, танҳо таҳти ҳукмронии Шариат адолат барқарор  мешавад. Агар иқтисодиёт бар асоси аҳкоми шаръӣ барқарор шавад,  онгоҳ тарзи зиндагонӣ  рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Зеро Мизони ҳақиқӣ Шариат аст, танҳо дар Шариат адолат вуҷуд дорад. Ассалому алайкум.

Муунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт