Ҷээнбеков ҳамаро барои мубориза зидди ришва фаро хонд.

Ҷээнбеков ҳамаро барои мубориза зидди ришва фаро хонд.

 Рӯзи 8 феврали соли равон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи шӯрои Бехатарӣ баргузор гардид.Дар он  раҳбари Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков нутқ эрод  карда  аз тамоми идораҳо, ки барои мубориза зидди  ришвагароӣ ҷалб  шуда буданд, интиқод намуд.

 Ба андешаи Ҷээнбеков  худи кормандони  ҳифзи ҳуқуқу тартибот, идораҳои назоратӣ ва додрасҳо ба ришвахӯрӣ олуда  шудаанд.  “ Ман ҳамагонро барои мубориза  зидди порахӯрӣ фаро мехонам, тавъам маслиҳат медиҳам то ин  ки кормандони “чиркиндаст”аз вазифа сабукдӯш  шаванд”.

 Чунончӣ Сооронбой Ҷээнбеков фаъолияти хадамоти Зиддикоррупсионии ҚДАМ-ро бесамар ва бесифат арзёбӣ намуд. Аз ин рӯ таъкид намуд формати  кории онон дигаргун карда шавад ва кори иҷрокардаашонро бояд назорат кунем.  Ҳаргуна  арзу доде, ки ба унвони  идораҳои назоратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва  додситон меоянд бо  таваҷҷӯҳи  том бояд тадқиқ  карда шавад.

 Ҷээнбеков ба тариқи изофа маълум кард, ки “сабаби    бесамар  шудани мубориза зидди ҷиноятҳо —  ришвахорӣ аст”. Ба андешаи вай табодули маблағ ба  гурӯҳҳои ҷиноятпеша бидуни иштирок бо ашхоси  баландпояи идораҳои додгоҳ ва ҳуқуқу   тартибот амалӣ намегардад.

Тибқи омори расмӣ, дар ду соли ахир аз ҷониби  идораҳои ҳуқуқу  тартибот бештар  аз 76 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале нисфи он пардапӯш шуд.  Ба додгоҳ танҳо 30% парвандаи ҷиноӣ  рафта расида, аз байни он фақат барои 10% ҳукм  эълон  шудааст.

 Туркистон:

Дар Қирғизистон гуфтан мумкин аст  коррупсия таҳти назорати ҳукуматӣ қарор дорад. Ба ғайри ин ҷабҳаи “тангричиёни мушрик”,созмонҳои миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва сохтори  ҷиноятпешагон, чунончӣ маҷрои  динии”Исломи мӯътадил”, ҳамаи инҳо  зери назорати  давлатанд. Ин  ҳолатро  худи президенти тозаинтихоб хуб медонад. Давлат       тамоми   ҷабҳаҳои ҷиноии тобеъи худро бо  мадад ва қуввати хадамоти бехатарӣ, суд ва мақомот нигоҳ  дошта меистад. Феълан додгоҳ,  додситон , хадамоти бехатарӣ ва  ҳатто шӯъбаи  мақомоти қудратӣ низ ба Президент итоат  намекунанд.  

Дар асл Ҷээнбеков ин ҳолатро дидаву дониста истода ба вазифаи президентӣ розӣ шуд  ва аз тарафи сохтори Атамбоев  интихоб гардид.

Лекин  ҳаракатҳои ҷиноӣ ва заифии худаш ӯро маҷбур мекунад бо фитрати  инсонӣ рафтор кунад ва иҷборан ба ҷараёнҳо мудохила намояд. Яъне гарчанд вай имконияти қонунии ҳақ-ҳуқуқҳоро дорост, дар пеши  назараш ақрабо , ҳамсафонаш аз сохти  коррупсионӣ зарар бинанд, шикоятҳои паиҳам ояду вале вай ба беъэтиноӣ маҷбур шавад, ингуна  мансабу лавозим ба кӣ даркор!

Ҷумлаҳои Ҷээнбеков айнан ба сохтори худаш нигаронида  шудааст. Вай сохторест, ки  бо роҳи коррупсионӣ  алайҳи коррупсия мубориза мебарад.

Ин сохторест, ки бо мақсади пардапӯш кардани кирдори худ (дақиқан пурзӯрҳоро  ҳимоя мекунанд)   заифонро ҷазо медиҳад! Як зани порсоеро бо телефони мобилӣ боздошт карданд, дар дохили    он  навори як артисте  ки нақши Салоҳҳудини   Айюбӣ сабт шуда буд, ӯро лоиқи муҷозот донистанд. Ҳароина ҷиноятпешагони асосӣ, ки  ба мамлакат миллиардҳо зарар расонида  айнан  бо ҳамин ҷурм боздошт шудаанд, фавран ба кишварҳои хориҷ мегурезонад! Ин аст башараи воқеии сохтори имрӯза! Ҷээнбеков аз ҳамаи ин корҳо бохабар аст! Ӯ дар  замони  гузаштаи  наздик, феълан низ, зери  тозиёнаи ҳамин режим умргузаронӣ дорад ва содиқона хизмат карда истодааст!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт