Дипломати  рус:  Амрикоиҳо дар Афғонистон бо ДОИШ намеҷанганд

Дипломати  рус:  Амрикоиҳо дар Афғонистон бо ДОИШ намеҷанганд

Ба қавли  вакили махсуси  президенти Русия  дар Афғонистон Замир  Қобулов    алҳол ҷанги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон зидди ДОИШ нест. Дипломат ин ҷумлаҳоро вақти гузориш ба шабакаи телевизионии “Русия  24”  ба забон овард.

Қобулов  гуфт:-“ Агар дар хусуси ғалаба  аз болои ДОИШ ҳарф заданӣ  бошем, шахсан амрикоиҳо дар Афғонистон муқобили ДОИШ набард надорад. Балки  Толибонро мадди  ҳадаф қарор додааст ва аз ҳаво ҳамла мекунад.Чунки ИМА дар ҳуҷумҳояш ноком шуд. Аз ҳаво ҳамла овардан барояшон қулай аст, аз ин рӯ аз ин восита истифода мебаранд, вале ҳаргиз ин ҷанг зидди  ДОИШ нест”- гуфт Қобулов.

Чунончӣ Замир Қобулов таъкид кард, ки ДОИШ ба Афғонистон на барои мубориза зидди амрикоиҳо ва неруҳои ғайр наомадаанд. Балки ҳадаф ҳамла овардан  ба Осиёи Марказӣ мебошад. Аз рӯи гуфтаҳои  вай  бештари  ҷангҷӯёни ДОИШ зодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ёки Русия ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки феълан разведкаи ИМА дар болои ба ДОИШ табдил додани аъзои Толибон  кор бурда истодаанд. Пешгӯӣ шудааст, ки ташкилоти навтаъсис ба монанди гурӯҳбандии Толибон зидди ҳукумати Қобул ва неруҳои эътилоф мубориза хоҳад бурд.

Ҷунбиши Толибон дар яке аз изҳороташ  гуфта буд, ки низомиёни ИМА дар Афғонистон  дифоъ аз ДОИШ мекунад. “ Мо алайҳи ДОИШ ҳамла оварда будем, ҳамин ки ба ғалаба наздик омадем неруҳои  ИМА садди роҳ гузоштанд”-омадааст дар баёнот.

Туркистон:

Тавре ки мо пештар таъкид намудем, ИМА як қисме аз ташкилоти ДОИШро аз Сурия ва Ироқ ҷониби Афғонистон кӯчонда овард. Инак таҳлили мо собит шуд.

ИМА бо мақсади таҳти  таъсири хеш нигоҳ  доштани дунё, дар минтақа басомади неруҳоро пайдо мекунад. Ҳар ду ҷонибро ё ин ки ду тарафи ба якдигар зиддро ба таври музовӣ  пуштибонӣ  мекунад. Масалан: Бо мақсади  зери тарсу ҳарос боқӣ гузоштани мамлакатҳои Араб дар Шарқи Наздик, иттиҳоди яҳудиҳои “исроил”-ро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.

Дар замоне ки зидди яҳудӣ аз ҷанговарони “Ҳамас”, сонӣ аз режими Саддам истифода бурд, алҳол бошад Эронро  дар ҳолати ваҳму тарс нигоҳ медорад.

Кореияи Шимолиро махсус барои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Хитой ба таври махфӣ пуштибонӣ мекунад. Гурӯҳи “Ал-Қоида” тайи даҳ солаҳои батамом нест шуда буд, аммо  гурӯҳи махсуси ИМА азноми вай дар саросари олам амалиётҳои  ниҳебафганӣ анҷом дод.

Феълан  аз номи “ДОИШ” дар ҷаҳон ҷиноятҳои бардурӯғи исломӣ роҳандозӣ карда истодааст! Ингуна амалиёти стратегӣ, ки системаи куффор барои мусталикадории  ҷаҳонӣ  омода кардааст, барои сиёсатдонҳои яҳудӣ пӯшида нест!

ИМА дар Афғонистон зидди ҷунбиши  “Толибон” ҷангҷӯёни “ДОИШ”-ро тайёр карда истодааст. Мутаасифона, ин ҷанг фақат байни мусулмонҳо ҷараён мегирад ва тавъам аз ин ҷанг ИМА чандин фоидаи стратегии минтақавӣ мебинад!

Вай бо пайдо кардани ваҳми ҷанг дар Афғонистон,мехоҳад дар он ҷо ва дар мамлакатҳои ҳамсояи Афғон таъсири низомӣ ва сиёсии худро тақвият бахшад.  Ҳамин тариқ дар қисми шимолу  ғарбии Хитой пойгоҳи ҳарбӣ ва иттиҳоди ҷанговарони қалбакии худро пурзӯр карданист.

Русия бошад аллакай пай бурд, ки ба вазъият таъсире расонида наметавонад, инак аз стратегияи  мавҷуда баҳри манфиати хеш истифода бурдан мехоҳад.  Мувофиқи сенёрё Руси “Толибонро” аз ҷиҳати аслиҳа ва матбуот дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон дар мамлакатҳои Осиёи Миёна, ки зери  таъсири Рус қарор дорад, мехоҳад воҳимаи азими низомӣ пайдо намуда, дар он ҷо таъсири  ҳарбӣ ва дигар таъсирҳояшро пурзӯр кунад.

Хулласи калом, дар Афғонистон низ ИМА якҷоя бо  Русия мехоҳад тавре ки дар Сурия карданд, ҷанги  бародаркуш эҷод  намояд! 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт