Русия шаҳрвандонашро аз “шикори” кашшофии ИМА ҳушдор намуд

Русия шаҳрвандонашро аз “шикори” кашшофии ИМА ҳушдор намуд

Русия шаҳрвандони худро  маслиҳат дод, ки қабл аз сафар ба кишварҳои хориҷ ду маротиба  андеша намоянд. Чунки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъқиби шаҳрвандони  рус дар саросари олам камар бастааст. Ин хабарро сайти расмии  вазорати корҳои Хориҷии Русия эълон кардааст.

Вазорат дар  изҳороти худ  ҳамон шаҳрвандоне, ки аз қаламрави  Русия ба давлатҳои дигар   азми сафар доранд аз “зарари” ИМА огаҳ кард. Мувофиқи он чашмдошт аст бино бар фармони  хадамоти бехатарӣ ва идораҳои таҷассусии ИМА  кормандони мақомот метавонанд боздошт ва ҳабс кунанд.

Дар сайти расмии вазорат омадааст:-“Гарчанд байни ҳукумати Русия ва  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  роҷеъ бар масоили ҷиноӣ созишҳои кӯмаки ҳуқуқӣ мавҷуд аст, разведкаи ИМА  то ба ҳанӯз дар саросари  дунё дар “шикори русҳо”  мудовимат дорад”.

Тибқи иттилои вазорат, танҳо дар худи  соли  2017 бино бар  талаби Вашингтон дар мамлакатҳои хориҷӣ беш аз даҳ нафар шаҳрванди рус ҳабс  карда шуданд.

Дар изҳорот ҳамчун изофа омадааст:-“ Вазъияти болоро ба ҳисоб гирифта,  ҳар кадоме шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба кишвари хориҷ саёҳат кунанд, аз хатарҳои меомада ҳушдор намоем. Хоссатан , дар  мавриде  ки хадамоти амнияти ИМА бар зарари мо  иддао дорад, мо бояд ҳушёрӣ варзем ва аз хатари   меомада бархурдор бошем”.

Вазорат шаҳрвандони русро маслиҳат дод то ин ки ба аксари мамлакатҳо таваҷҷӯҳи хоса  зоҳир кунанд. Хоссатан ба кишварҳое ки бо Вашингтон доир ба масоили истирдод   созиш намудаанд. Вале департаменти давлатии ИМА феълан дар бораи ин масъала сукут меварзад.

Туркистон:

 Пӯшида нест, ки ИМА аз байни намояндагони сохтори Путин ва алайҳи садҳо ашхоси баландпоя якчанд  таҳорими  маҳдудкунанда  ҷорӣ  намудааст. Ҳокимияти  Русия авзоъро ҷониби дигар тофта, бо воҳимаи боло  мехоҳад бигӯяд ки таҳорими ҷаҳонӣ бар зидди мамлакати Русия   ва шаҳрвандони Рус  нигаронида  шудааст. Ҳамин  тариқ  мехоҳад паёмади хатоҳои роҳдодаи режими Русро пардапӯш кунанд. Гӯё ба ҳамаи касофати сарзада айнан ИМА айбдор бошад. Мехоҳад бигӯяд, ки нафрати ИМА бар миллати  Рус нигаронида шудааст ! 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт