Марзи  байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шуд

Марзи  байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шуд

 Тоҷикистон  мувофиқи тартиби яктарафа  аз    сарҳад убури одамон ва амволро батамом   баст. Ин хабарро  Sputnik Тоҷикистон бино бар хадамоти марзии Қирғизистон пахш намудааст.

 Дар хабар  омадааст:-  “ Рӯзи 8 феврали  соли 2018 ҷониби Тоҷикистон дар тартиби яктарафа марзро баст. Ва убури одамон ва  мошинҳои боркашро тавассути пунктҳои  назоратии

Кулунду” ва “Кайрагач”  батамом қатъ намуд”.

Чунончӣ аз  роҳи нақлиётии “Қулунду”, ки пункти назоратии байналмилалӣ мебошад, гузаштани шаҳрвандони мамлакати саввум роиҷ аст.

 Масоҳати умумии марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 кмро ташкил медиҳад. Аз он 451 километри он ҳоло ҳанӯз муайян  нашудааст. Баъди пош хӯрдани ИҶШС байни ду мамлакат дар хусуси дастикам 70 ҳудуд баҳсу талош мудовимат дорад.

 Дар   давоми 25  сол байни  Тоҷикистон  ва  Қирғизистон ягон  шартномае марбути  марзу бум  ба имзо нарасида буд.  Ба туфайли мубҳамии хатти  марз, чандин маротиба моҷароҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ  пайваст.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков аввали моҳи феврал ба Душанбе рафта бо  раҳбари Тоҷикистон мулоқот карда буд ва масъалаи сарҳад яке аз масоили асосӣ ба шумор мерафт.

Тибқи хабарҳо сарҳадбонони Тоҷикистон як кӯпруки воқеъ дар ноҳияи Сай Лайлаки вилояти  Боткандаро низ бастаанд.  Дар он ҷо теъдоди  сарбозони сарҳадбон низ зиёд карда шуд.

Мувофиқи иттилои хадамоти марзии  Қирғизистон сабабгори истифодаи чораҳои  фавқулодда кӯпруки сохтаи шаҳрвандони Қирғизистон будааст, ки болои канали Сада (Гуландоз) бунёд  кардаанд.

Дар хабар омадааст:-“ Аҳолии деҳаи маҳаллӣ барои равуои  мактабиён пул бунёд кардаанд, зеро пештар кӯдакон  маҷбур мешуданд масофаи дурро тай карда таҳсил раванд”.

Феълан  сарҳадбонони ду мамлакат барои рафъи муаммои марз   вохӯрии фавқулодда  роҳандозӣ намуданд.  Вазъ дар сарҳад”нисбатан ором” аст, мегӯяд расонаҳо.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт