Дар Хитой беш аз 100 ҳазор мусулмон ба лагерҳои сиёсӣ фиристода шуд

Дар Хитой беш аз 100 ҳазор мусулмон ба лагерҳои сиёсӣ фиристода шуд

 Тибқи   иттилои  “Kun.uz” дар Хитой қариб 120 ҳазор мусулмонҳои уйғуртабор ба лагери сиёсии воқеъ дар шаҳри Қашғари вилояти худмухтори  Синтзян-Уйғур фиристода шуд. Ин хабарро CNN  иқтибосан ба Radio Free Asia’ пахш кардааст.

Вилояти худмухтори  Синтзян-Уйғур яке аз калонтарин вилоятҳои Хитой ба шумор меравад, дини асосии аҳолӣ дини Ислом ба шумор меравад. Инак, ҳукумати Хитой дар он сарзамин барои аз сари нав тарбия кардани мусулмонҳо  лагери  сиёсӣ бунёд кард. Дар он ҷо уйғурҳо сурудҳои инқилобӣ месароянд, аъмоли раиси Хитой Сӣ Тзинпинро меомӯзанд , иҷборан бо забони хитоӣ ҳарф мезананд.

Ингуна ҳаракатҳои  ҳукумати марказӣ боиси интиқоди  ҳомиёни ҳуқуқи башарӣ ва аҳолии маҳаллӣ гардид. Раиси конгресси Умумиҷаҳонии уйғурон Умар  Қанот мегӯяд:-“ Аз як хонадон  теъдоди 3-4 касро бо худ бурданд. Дар аксари деҳот умуман  ҷинси мард намонд, фақат занону кӯдакон монданду бас, тамоми мардҳоро ба лагер бурданд”.

Бино бар андешаи фаъолон ,  ин кори ҳокимияти маҳаллӣ, ки ҷонибдори Сӣ Тзинпин мебошад бархилофи қонун аст. Ҳукумат уйғурони соҳибэътиқодро барои худ хатарнок дониста, боздошт карда, зиндонбанд намуда , ба  шиканҷаҳои мухталиф мубтало  карда истодааст. Бар замми ҳамаи ин камераҳои назоратӣ насб намуд, дар васоити нақлиёт  GPS-датчикҳо ҷойгир кард, аз аҳолии аз 16 то 65 сола намунаҳои ДНК ҷамъ меоварад.

Аз рӯйи иддаои ҳукумати расмӣ аз Афғонистон ва Покистон тавассути вилояти худмухтори Синтзян-Уйғур унсурҳо бо мазмуни радикалӣ ворид мешаванд.  Ва гуфта мешавад, ки чораандешиҳои ҳукумати Хитой барои мубориза зидди ифтрогароӣ ва назорати  аҳолии мусулмони вилоят нигаронида шудааст.

Туркистон: 

Куҷостанд он ҷамоа ва  ашхоси “ мӯътадиле”, ки ҳамагонро барои  ҳамкорӣ бо куффор  фаромехонанд?! Чаро онон аввал дигаронро барои ҳамшаракӣ бо системаи куфр  ошкоро даъват карда, сипас бо ду дасти адаб мусулмонро даступо баста бар ихтиёри куффор месупоранд?!

Онҳо мусулмонҳоро ба куффор тобеъ карда, ба якчанд тоифаҳо ( террорист, экстрмемист) ҷудо намуда, якеро алайҳи дигаре такон дода, ҳамин тариқ қуввати муслиминро  заъиф гардонида,  боиси парокандашавии онҳо шудаанд. Бигзор ба ин ҷиноятҳои вазнинашон пеши Уммат ҷавоб диҳанд! Чаро  ҷавоб намедиҳанд?

Ай мусулмонҳо, мо аҳволи бародарони Уйғурро  мушоҳида  карда ,дидаву дониста боз ба ҳамон  тоифаи ҷонибдорони “Исломи  мӯътадил” пайравӣ мекунем?!  120 ҳазор мусулмон фақат намоз мехонад, рӯзаро риоя мекунаду барои ҳамин аъмол , бидуни ягон тафтишоту санҷишот ба лагерҳои боздоштгоҳ маҳкум мешаванд?! Дар хусуси мусулмонҳои Уйғуртабор аз “  мӯътадилчиён” бипурсед!  Яқинан эшонро “тааасубгар” ном медиҳанд! Зеро истилоҳи “ эктремизм” ва “терроризм”-ро куффор барқасд бофта баромад. Инро махсус барои ҳаводорони “Исломи мӯътадил” омода кард, то ки онҳо таҳти ҳамин қоида сиёсати ҷаҳонии куфрро роҳандозӣ кунанд!

Феълан дар Қирғизистон  пойдевори  услуби Хитоӣ бунёд шудааст, ки бар фоидаи куффор мебошад. Кормандони шӯъба телефонҳои мобилиро  бидуни ягон иҷозатномаи махсус мусодира карда, аз дохили он мавзӯъҳои исломӣ ёфта  бар дӯши мусулмонҳо ҷурмҳои гуногун бор карда, боздошт ва ҳатто ҳабс карда истодаанд!

Шӯъба бар сарварии ҳукумат, кормандони хадамоти амният, ҳамроҳи  муфтиёт ва ҳайати иборат аз бархе пешвоёни дин  лоиҳаи “ Исломи мӯътадилро” роҳандозӣ  намуданд. Ҳадаф, ҳамин тариқ барои зулму шиканҷаи куффор шароит фароҳам овардан аст. Тавре ки дар Хитой  тақрибан даҳ сол қабл оғоз шуда  буд. Мутаасифона, уламои динӣ ва   кормандони ҳукуматӣ, ки  ҷонибдори лоиҳаи “ Исломи мӯътадил” мебошанд, худ намедонанд ки  ба кадом як кӯчаи сарбасти залолат қадам ниҳодаанд.   Ҳатто андаке тафаккур намекунанд!

Лекин онҳо аз равияи ақида бар асоси  “ ҷудо кардани дин аз давлат” ба хубӣ бархурдор ҳастанд. Ин маънои қабул кардани  ақидаи куффор мебошад, яъне динро, ки барои идораи ҳаётамон омадааст, ҳамчун низом  рад мекунанд. Худо нигаҳ дорад аз гумроҳӣ бародарон! Бо дасти хеш ба пои хеш, ба решаи худамон табар назанем! Алалоқибат ба  ҳолати  бародарони Уйғур гирифтор нашавем.  Бархе аз имомҳо ба куффор монанди саги бовафо хизмат карда, лоиҳаи “ мӯътадилӣ”-ро дастгирӣ намуда, бо овардани куфр ҷони худро  ҳифз карданд, мабодо мо низ ҳамингуна фазои фосидро ба ҷомеа наоварем ва ҳамкори куффор нашавем!

 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт