Кабулов: Ҳадафи “Давлати исломӣ” ҳамла  овардан ба Осиёи  Марказӣ аст

Кабулов: Ҳадафи “Давлати исломӣ” ҳамла  овардан ба Осиёи  Марказӣ аст

 Москва  мамлакатҳои Осиёи Марказиро аз ҳамлаи ногаҳонии “Давлати Исломӣ” ҳушдор намуд.

Ин нуктаро раҳбари департаменти  Дуввуми оид ба  Осиё , ВУХ Русия,  вакили махсуси   президенти Русия Замир Қабулов таъкид намуд. Ин хабарро агентии Sputnik  маълум кард.

“Феълан- мегӯяд  Кабулов — Ман ҳамагонро огаҳ мекунам, мабодо дар ғафлат намонем ! “ДИ”  Афғонистонро на бо мақсади ҷиҳод  кардан зидди амрикоиҳо, балки барои баъдан ҳамла  овардан ба Осиёи Марказӣ ҳамчун майдони тамрини низомӣ қарор додааст”.

“ Ин масъалаи бениҳоят  ҷиддӣ аст. Ман намегӯям, ки онҳо ба Осиёи Марказӣ ҳамла меоранд, муродам аз ташвиш, ҷангҷӯён тайёрӣ мебинанд. Агар мо ғофил  монем, онгоҳ воқеан бо қуввати бузурге  рӯ ба рӯ хоҳем омад. Онгоҳ мо маҷбур мешавем дар саросари соҳили Амударё ва Панҷ    бо неруҳои азим  набард кунем ва тавъам аз   қуввати муттаҳидонамон дар САҲА ва ИДМ истифода барем”-  гуфт Кабулов.

Туркистон: 

Таҳлили изҳоркардаи Кобулов марбути ОсиёиМарказӣ аслан таҳлил нест, балки лоиҳаи махсус мебошад, ки барқасдона  тарҳрезӣ шудааст. Тавре  медонем, ИМА, бо давлатҳои Русия,  Эрон, Туркия, Саудия, ИА ва боз чандин мамлакатҳоро, ки ба сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ  қудрати  таъсиррасонӣ доранд, эътилоф таъсис дод. Бар муқобили ҷисми мафкуравии сарболокарда  дар Шом сафарбар сохт. Он бо ҳадафи  пешгирӣ намудани ташаккулёбии Ислом  ( системаи идоракунӣ) ҳамчун Мабдаъ, нигаронида шудааст! Дар сари мақсади хеш иттиҳоди куффор  аз ташкилотҳои ҷангҷӯ , ки Исломро ниқоби хеш қарор додаанд, истифода мебарад.

Бо ҳамин мақсад дар Ҳолливуд чандин маротиба аз номи “ДОИШ” наворҳои махсус омода ва  сабт карда дар торнамоҳои  интернетӣ ва васоити ахбори омма пахш карданд. Гӯё  ташкилотҳои исломӣ ва  ба таври умумӣ Исломро зишту даҳшатнок нишон доданӣ шуданд. Бо ҳамин баҳона аз ҳар сӯ муборизаи иттилоотӣ ба роҳ монданд.Онҳо “ДОИШ”-ро зидди Ислом ва мусулмонҳо такон дода, мехоҳанд  давлати Хилофатро ҳамчун як салтанати хунхор, ваҳшӣ муаррифӣ намоянд. Алайҳи давлати Исломӣ дар дили мусулмонҳо нафрат пайдо мекунанд.

Лекин олами Исломӣ, алакай аз найранги онон ба хубӣ огаҳ шуд,  чун аз номи “ДОИШ” мақсадҳои палидонаи худро анҷом медиҳанд!  Аз ин рӯ, сиёсати байналмилалии куффор маҷбур ҳастанд дар Сурия  амалиётҳои  низомии ғасбгарона роҳандозӣ кунад. Зеро мехоҳанд дар Сурия системаи куфрро аз сари нав барқарор созанд, вале феълан ин кор барояшон ноумумкин  ва  машаққатнок гардид!

Ҳамин тариқ ИМА кӯшиш дорад, дар Афғонистон низ бори дигар авзоъи муташанниҷ эҷод кунад.  Зери  ин амал чандин ҳадаф нуҳуфтааст. Якум,  бо мақсади машғул кардани Уммат аз масоили Шом ҷониби дигар  ҳамлаи матбуотӣ роҳандозӣ мекунад. Дуввум дар Осиёи Марказӣ ваҳми навбатӣ пайдо карда, дар минтақа   қуввати ҳарбӣ пурзӯр  менамояд .

Аммо ҳақиқати ҳол он аст, ки феълан дар Осиёи Маказӣ аз ҷониби Ислом ва мусулмонҳо ягон сабабе барои ваҳму тарс нест! Воҳима воқеан  аз  ҷониби яке аз манфиатҳои ҷаҳонии сиёсати байналмилалии куффор сар мезанад, яъне он услуб иборат , аз ҳисоби як услуби палидона дуввумашро  пардапӯш кардан аст. Ҳатто  агарчанде дар ояндаи наздик аз номи ташкилотҳои ҷангҷӯ амалиёти даҳшатзо роҳандозӣ кунанд ҳам, онро фақат худашон ва ё тавассути неруҳои ба худ моил анҷом медиҳанд!

Сохтори Путин бар истиқболи  интихоботи президентӣ дар ҳолати тангу ногувор наздик шуда истодааст.Тамоми ҷабҳаҳои Русия хоҳ он ҷиҳати  сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигару дигар аст, дар аҳволи ҳалокатовар қарор дорад. Сохтори рус, монанди пештара дар дохили кишвараш амалиёти ниҳебафганӣ содир карда наметавонад! Чунки вазъи сиёсии дохилии Русия ба монанди пештара нест. Шаҳрвандони рус аллакай ба Путин эътимод надоранд. Ва қуввати мухолифин ва  рӯҳи ҷамоӣ  мавҷуд аст, ки ҳамеша нигарони ишколи Путин ҳастанд.

Аз ин мебарояд, сохтори Путин ба хотири ризогии ИМА ба ҳама кор тайёр аст.Зеро дар сиёсати байналмилалӣ  ИМА раҳбалади ягона шуду монд. Путин, ки дар дохили кишвараш чандин маротиба амалиётҳои ниҳебафганӣ роҳандозӣ кард, вале воҳимаи қалбакӣ пайдо кардан натавонист. Пас, кӯшиш дорад дар давлатҳои  истеъморкардаи худ, андаруни мамлакатҳои тобеъи дорои аҳамияти стратегӣ  ваҳму тарси қалбакӣ пайдо созад. Ҳамин тариқ мехоҳад ташаннуҷи дохили давлаташро, нафрату адовати шаҳрвандонашро, ки  аз сиёсати дохилӣ ва муаммоҳои иқтисодӣ маншаъ мегирад, ҷониби хатарҳои сунъӣ ва воҳимаҳои бардурӯғ нигаронад.

Инак, мусулмонҳо сарфаҳм рафтанд, ки ба ҷуз такя кардан ба Худованд чораи дигар надоранд! Роҳи ҳақ пурпечутоб аст, нишебу баландиҳо дорад, аз ин рӯ на ҳама метавонанд тобу тоқат кунад, дар сари мақсад истодагарӣ  намояд. Инак, бархе фирефтаи найранг шуда, роҳи куфрро интихоб карда, ба амонатҳои Худодод хиёнат карда мазҳаби тарҳрезикардаи куффорро, яъне “мӯътадилӣ”-ро интихоб намуданд! Эшон низ ҳамзамон бо куффор  барои тарғиби воҳимаҳои беасос камар бастаанд. Воҳимаҳои бардурӯғе, ки гӯё аз ҷониби Ислом ва мусулмонҳо сар мезада бошад!  Парвардигор моро аз фитнаҳо нигаҳ дорад, дақиқан чунин ашхос роҳи зишттаринро ихтиёр  карданд!!!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт