Трамп:  Мо бо  Толибон созиш нахоҳем кард

Трамп:  Мо бо  Толибон созиш нахоҳем кард

Президенти ИМА Доналд Трамп ба истиснои гуфтушунид бо “Толибон”, баъди  аҳодиси рӯзҳои ахири  Қобул,   ваъда дод ба фаъолияти террористҳо “ нуқта мегузорад”. Дар он терактҳо садҳо инсонҳо ба ҳалокат расиданд ва афроди сершумор захмӣ гардиданд,  гӯён хабар медиҳад “Садои Амрико”.

Трамп дар хонаи Сафед, баъди мулоқот  бо ҳайати сафирони  шӯрои Бехатарии СММ, масъалаи “  чораандешӣ баҳри мағлубияти ҷангҷӯён” –ро мавриди баррасӣ қарор дод. Вай афзуд:-“ Мо бо Толибон ҳаргиз машварат намекунем”. Ҳамин тариқ Трамп иброз дошт, ки моҷарои Афғонистон  бо роҳи дипломатӣ ҳал нахоҳад ёфт.

 “ Онҳо дар ҳар гӯшаи канори дунё одам хунрезӣ мекунанд. Одамони маъсум ҷабр дида ба ҳалокат мерасанд. Таркишҳо,  қатлу куштори паиҳам  дар қаламрави Афғонистон рӯй дода истодааст. Аз ин лиҳоз мо намехоҳем бо Толибон созиш кунем. Шояд баъди муддате ин кор рӯй диҳад, аммо феълан на !”.

Туркистон:

Агар зарурате ба миён ояд, ҳукумати Амрико бо мақсади гузаронидани манёврҳои сиёсӣ бо давлате ё ташкилоте гӯё “муросо” мекунад.  Ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати  мунофиқона ин сиёсати пешгирифтаи  ҳукумати Амрико мебошад. Инак, Вашингтони расмӣ  шеваи ҳамешагии худро ба кор мебарад.

Рӯзи  29январи соли 2015 вазири расмии президенти ИМА Эрик Шултс бо журналистон мулоқот  карда гуфт:-“ хонаи Сафед Толибонро террорист не, балки ҳамчун исёнгарон медонад”.

Вақте ки хизматчии  низомии амрикоӣ Боуи Бергдал ба дасти Толибон афтода буд, онро бо машварат ба чандин маҳбуси маҳбасхонаи Гуантанамо иваз намуданд. Аз он рӯз инҷониб идораи хонаи Сафед Толибонро на ҳамчун ифротиён балки исёнгарон арзёбӣ кардааст.

Ба  андешаи вай гарчи солҳои охир ҳолатҳои ба гаравгирӣ зиёд  бармехурад ва  бар сарварии  мушовири президент Лиза Монако ин муносибат аз сари нав мавриди баррасӣ қарор ёфт. Вале то ба ҳанӯз ҳукумати ИМА аз гуфтушунид бо террористони анъанавӣ саркашӣ мекунанд.

Авзоъи марбути Бергдалро ингуна эзоҳ доданд: — Ҳангоми мубодилаи маҳбусон “ аллакай дар Афғонистон” ҷанг тамом шуда буд, ва боз сабаби дигар раҳбари ҳамонвақтаи Амрико Барак Обама фармуда буд: “ дар  мамлакати ғайр як хизматчии низомиамонро  мо бар ҳукми тақдир намесупорем”.

Аз ҷониби вазири молияи ИМА, ҳукумати Афғонистон ҷунбиши Толибонро ба рӯйхати ҳаракатҳои террористӣ ворид намуда, алайҳи он таҳорим ҷорӣ кардааст. Маркази зиддитеррори миллии ИМА низ Толибонро аз зумраи ташкилоти террористӣ медонад.

Вале Толибон ба рӯйхати “ташкилоти террористии хориҷӣ”-и департаменти давлатии ИМА шомил нашудааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт