Рӯйхати намояндагони мухолифат — иштирокчиёни  конгресс эълон карда шуд

Рӯйхати намояндагони мухолифат — иштирокчиёни  конгресс эълон карда шуд

 Дар  айни замоне, ки аҳолии шаҳри Идлиби Сурия  мубталои куштори ҳамагонӣ мебошанд, бар сарварии Русия ва таҳти пуштибонии Эрон ва Туркия масъалаи давраи гузариши сиёсӣ  мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Бо ҳамин ҳадаф “ Конгресси мулоқоти миллии Сурия” кори худро сар кард.   Номгӯи  қариб 300 нафар аз вакилони мухолифати Сурия аз рӯйхати даъватшудагон ҷой гирифтааст.

 Мувофиқи хабари пахшкардаи  ожонсии “NTV” ,  вакилони мухолифини Сурия  аз Женева, Анқара, Миср ва Димишқ ба Сочӣ мераванд. Дар рӯйхат намояндагони Туркия низ арзи ҳастӣ доранд, ки 80-100 касро ташкил медиҳад. Аз Женева ҷамъ 113 кас, аз Димишқ 44 нафар, аз Қоҳира ба 29 афрод даъватнома ирсол шудааст. Теъдоди вакилоне, ки ба тарзи мустақилона ширкат меварзанд, баробари  10 нафар мебошанд. Аз шӯрои миллии курди Сурия иштироки 24 тан пешбинӣ шудааст.

Дар Туркия  калонтарин гурӯҳи “ Эътилофи миллии Сурия” мавҷуд аст, ки  67 аъзо дорад, аз байни онҳо  номи фақат 4 нафар оварда шуда, раҳбари гурӯҳ ва саркотиб таклиф нашудааст. Чунончӣ, номи раиси “ Шӯрои  олии Сурия” Наср ал- Ҳарир низ байни меҳмонон нест. Аз гурӯҳи собиқ раиси “ Эътилофи миллии Сурия” Аҳмад Ҷарба 54 кас даъват шудаанд.

Дар “ Конгресси  муоқоти миллии Сурия”, ки ҳамчун ҷаласаи демократӣ ном гирифтааст, ҷамъ 1500 нафар, аз ҷумла намояндагони сохтори Асад низ иштирок доранд. Тактаки  ному насаби иштирокчиён дар сойтҳои интернетӣ эълон карда шуд.

“Қумитаи олии музокирот”, ки  аз ҷониби мухолифати Сурия таъсис ёфтааст,  аз иштироки “ Конгресси мулоқоти миллии Сурия” саркашӣ карда буд. Дар хабарҳо омада, ки баъдан ҳукумати Туркия вакилони мухолифати Сурияро барои иштирок тарғиб  намудааст.

 Ба қавли сухангӯи Кремл Дмитрий Песков набудани бархе ашхос дар “ Конгресси мулоқоти миллии Сурия”  аҳамияту моҳияти конгрессро халалдор намесозад.

 Песков гуфт, ки конгресси кунунӣ барои ҳаллу фасли масъалаи Сурия қадами муҳим хоҳад шуд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт