Дар Исфара 45 Масҷид баста шуд

Дар Исфара 45 Масҷид баста шуд

 Дар шаҳру деҳоти Исфара  фаъолияти 45 масҷидро ба сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои санитарӣ  ва шароити номуносибаш қатӣ кардаанд. Шаҳрдори Исфара Ҷабборӣ Дилшод Расулзода гуфт, ки сокинон хостори ба иншооти иҷтимоӣ , боғчаи кӯдакон ва бунгоҳҳои тиббӣ табдил додани биноҳои масҷидҳои баста, вале барои ин бояд биноҳо навсозӣ шаванд.

Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара рӯзи 25 январ дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта гуфт, дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара фаъолияти 45 масҷидро манъ кардаанд. Дилшод Расулзода гуфт, аксари онҳо ба сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои санитарӣ ва шароити номуносибашон қатъи фаъолият кардаанд. Дар ин бора «Азия Плюс” хабар додааст.

Раиси шаҳри Исфара афзуд:-“  Сокинони маҳаллӣ  пешниҳод намуданд, ки  ин масҷидҳо  ба иншооти иҷтимоӣ , кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ  табдил дода шаванд, лекин барои ин аввал иҷозати  Қумитаи дин ва ҳамчунин таъмиру муҷаҳҳазгардони онҳо низ зарур аст”.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Исфара 113 масҷид озодона фаъолият доранд.

Расулзода ҳамчунин гуфт, 154 сокини Исфара, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсили дин мекарданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Ӯ дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Сурияву Ироқ ширкат варзидани шуморе аз зодагони Исфараро тасдиқ кард, вале гуфт, ки онҳо асосан ҳангомим уҳоҷирати корӣ дар Русия ба ҳаракатҳои ба ном «ҷиҳодӣ” ҷалб карда шудаанд: “ Мо инкор намекунем, ки сокинони Исфара дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар иштирок доранд. Дар ҷаласаи ҳукумат президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Исфара дар ин масъала дар ҷои якум меистад. Вале бояд таъкид кунам, ки ин зодагони Исфара  ба кишварҳои ҷангзада аз Русия сафар  кардаанд. Ягон нафари онҳо аз худи Исфара ба ҷанг нарафтааст. Онҳо ба муҳоҷирати корӣ рафта , дар он ҷо ҷалб шудаанд ва ба ҷанг рафтаанд. Бисёрии онҳо кушта шуданд”.

Дар солҳои охир аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар бораи баста шудани масҷидҳо ва ҳатто ба коргоҳи дӯзандагӣ ё кохи фарҳанг табдил додани онҳо гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд. Танҳо дар вилояти Суғд, бино ба гузоришҳо, дар се соли охир беш аз 100 масҷид ба далели дуруст набудани аснодашон қатъи фаъолият кардаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузоришҳои худ аз сол ба сол бадтар шудани вазъи озодии мазҳаб дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва вазорати хориҷаи Амрико Тоҷикистонро ҳатто ба рӯйхати 10 кишвари мавриди нигаронии хос аз нигоҳи риояи озодиҳои мазҳабӣ шомил кардааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистонмегӯянд, ки ин кадом сиёсати маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ нест, балки манъи фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмӣ ваё муттаҳид кардани масҷидҳои масофаашон наздик ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъҳои эҳтимолӣ дар масоили мазҳабист.

Ҷиҳати ҳайратангез  дар он аст, ки низоҳои байнимазҳабӣ аҳёнан дар қисми ҷанубии мамлакат рӯй дода, вале дар вилояти Суғд, хусусан дар Исфара ингуна ҳолат ягон бор мушоҳида нашудааст. Аз ин мебарояд, ҳукумати алмонӣ бо баҳонаҳои гуногун фишорро алайҳи дини Ислом рӯзафзун шиддат медиҳад.

Бояд хотиррасон кард, ки шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо вилоятҳои  Лайлак ва Боткенти Қирғизистон  ҳамсарҳад аст. Байни ду давлат қонуни бераводид ҷорӣ аст , аз ин рӯ аҳолии ду кишвари ҳамсоя  ҳар рӯз бо хариду фурӯш , бо корҳои тиҷоратӣ бидуни мамониат  машғул мешаванд. Аз ин лиҳоз назар ба қисми ҷанубии Тоҷикистон, дар Исфара барои рӯзгузаронӣ ва шуғли меҳнат шароити беҳтар мавҷуд аст. Бар замми ин аҳолии ин минтақа аз қадимулайём  ихлосманди дини Ислом буданду ҳастанд, эътиқоди қавӣ доранд. Дақиқан  тавсеа ёфтани арзишҳои демукротӣ назар ба қисми ҷануби мамлакат дар Исфара, лоилоҷ аст. Занону духтарони Исфаразамин  бошарму ҳаё, порсо  ҳастанд, дар кампанияи зидди сатру ҳиҷоб ба санҷишҳои вазнин рӯ ба рӯ омаданд ва қурбони фишорҳои шадиди ҳукумати алмонӣ гардиданд. Мусулмонҳои Исфара  муҳофизи динашон  мебошанд, аз ин рӯ маданият, урфу одати бегонаро  ба  зиндагонии худ татбиқ нахоҳанд кард. Айнан ҳамин ҷиҳат ба муаммои асосии системаи алмонӣ мубаддал шудааст. Бо  мақсади заиъф сохтани илму маърифати динии муслимин , ҳукумат барои гирифтани сабақи динӣ аз кишварҳои хориҷӣ садди роҳ гузошт, ҳуҷра-мадрасаҳоро батамом баст, ҷавононро аз зиёрати масоҷид маҳрум намуд. Чунки қалбҳои ташнаи фазои имонӣ  аз  мавъизаву насиҳатҳои масҷид баҳраманд гашта, мутаасир мешаванд. Табиист , ин ҳолат боиси  боз ҳам  мустаҳкам ёфтани имон мегардад.

Мунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт