ИМА аз Эрон озодии маҳбусонро талаб кард

ИМА аз Эрон озодии маҳбусонро талаб кард

  Расмиёни хонаи Сафед аз ҳукумати Эрон талаб дорад то ин ки иштирокчиёни тазоҳуротро аз бандӣ раҳо бахшад. Дар баёноти рӯзи чаҳоршанбе интишоркардаи  маъмурияти Доналд Трамп , гуфта мешавад,  ки Вашингтон аз хабарҳои амалиёти  боздошкунӣ, расонидани зулму шиканҷа ба намоишгарон  дар хавотир аст ва  аз ин лиҳоза изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар баёнот озодии маҳбусони  сиёсӣ, ҳамчунин озодии маҳбусони таърихи наздик талаб карда мешавад.

Алъон теъдоди  амиқи  боздошти  эътрозкунандагон ҳанӯз номаълум аст. Расмиён дар хусуси ҳабси садҳо нафар афрод хабар дода тавъам  гуфта мешавад ки аксарияти онон аз зиндон алакай раҳо дода шудаанд. Тибқи расонаҳои дигар феълан  ҳазорҳо мардум  дар боздоштгоҳҳои Эрон қарор дорад.  Дар аснои задухӯрди мардум бо кормандони Пулис бештар аз 20 кас ба ҳалокат расидаанд.

Ёдрасатон мекунем тазоҳурот дар Эрон охирҳои  моҳи декабри  соли гузашта суръат гирифта тахминан баъди як ҳафта хомӯш карда шуд.

Бино бар хабарҳо идораи Доналд Трамп тайи ин ҳафта дар мавзӯъи марбути “ созиши ядровӣ” бо Теҳрон ба як  қарор меояд. Яъне ин ҳафта соҳибэътибор мондани  мораторий доир ба  таҳорими зидди Эрон  ҳаллу фасл меёбад.

 Ё ин ки  аз мораторий даст кашида, ҳамин тариқ созишро доир ба  барномаи ядровии Эрон  зери шубҳа мегузорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт