Капитализм натоиҷи тақсимоти нодуруст  аст

Капитализм натоиҷи тақсимоти нодуруст  аст

 Дар  соли 2017 ба сарвати доротарин ашхоси олам  боз 1 триллион зам шуд. Тибқи маълумоти  омори  Блоомберг, ки  сарвати миллиардерҳоро чен мекунад,   дар 27 декабри соли 2016 4,4 триллионро ташкил медод, боигарии сарватмандтар  500 нафар афроди   олам  ба 5,3 триллион рафта расид. Гуфта мешавад, ки  бархе аз ашхоси ғанӣ ба сарваташон дар  як  рӯз 2,7 миллиард  доллар зам мешавад ва  ҳамин тариқ назар  ба солҳои пештара дар  соли  2017   онҳо 4 баробар бештар даромадро соҳибӣ мекунанд.

Дар низоми капиталистӣ ба  сарвати бойҳо боз бештар боигарӣ зам мешавад ва тавъам дараҷаи зиндагонии афроди фақир боз ҳам пасттар мегардад. Алҳол маълум  шуд, ки сарвати 8 нафари бой баробари сарвати 3,6 миллиард одами боқимонда баробар аст. Ин  теъдод нисфи  аҳолии оламро ташкил медиҳад.

Дар  ҳисоботи бонки “ Кредит Суиссе” гуфта мешавад, ки  дар низоми капиталистӣ байни  1  фоизи аҳолии бойтарини  дунё ва  99 дарсад одамони  боқимонда фарқи фаровонӣ рӯзафзун ба назар мерасад. Аз ин мебарояд, низоми капиталистӣ ин низомест фақат ба капиталистҳои дорои сарвати  азим хизмат мекунад. Чунки амволу амлоки нухбаи сарватманд гарави боқӣ мондан ва умри дароз дидани  низоми капиталистӣ ба шумор меравад.

Тибқи ҳисоботи “ Фаровонии ҷаҳонӣ”, ки пажӯҳишгоҳи байналмилалии “ Кредит Суиссе” воқеъ дар Шветсария эълон кардааст,  соли  гузашта 1% ашхоси сарватмандтарини дунё соли 2000 дорои сарвати азим буданд. Яъне онҳо дорои  сарвате буданд, ки баробари  45,5 дарсади боигарии мардуми рӯйи замин буд, ин нишондод ба соли  2017 омада то ба 50,1 фоиз баланд шудааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт