Москва  Вашингтонро аз дахолати нобаҳангом ҳушдор намуд!

Москва  Вашингтонро аз дахолати нобаҳангом ҳушдор намуд!

Вазорати  умури хориҷии  Русия Вашингтонро аз  дахолати  ногаҳонӣ  ба  интихоботи моҳи март, огаҳ  намуд. Ин хабарро сомонаи марбути  сафоратхонаи Русия дар Вашингтон  эълон кард. Мувофиқи  эълон, тамоми айбмониҳои  ИМА алайҳи Русия дорои характери  сиёсӣ мебошад.

Дар изҳорот гуфта мешавад:-“ Бо мақсади дахолат намудан ба интихоботи президентӣ дар Русия,  расмиёни ИМА ба номи  Москва чандин айбмониҳо эълон намуданд, ки ҳамаи он  айбмониҳои лағв ва сиёсӣ мебошанд. Воқеан ИМА ба интихоботи Русия бо назари шубҳа менигарад ва ин пиндори онон эътиборе надорад”.

Вашингтон  бо талаботи   ғайричашмдошт  ба вазорати умури   Хориҷии Русия муроҷиат карда буд.  Ва талаб кард “бар ҳаргуна ашхос , ки шаҳрванди  Русия мебошад,  имкон дода шавад дар интихобот  номзадии худро бимонад”. Ҳамин алфози рақибашро Русия ҳамчун мудохила ба корҳои дохилии мамлакат арзёбӣ намуд.

Вазорат ба тариқи изофа афзуд:-“ Мутмаъинем, ки ҳукумати ИМА барои  ширкат варзидан дар  интихобот барои шаҳрвандони Русия монеъ намешавад ва ҳуқуқи интихобкунии ононро поймол нахоҳад кард.

Бояд  эътироф  намуд, ки чанде қабл  кумиссиюни  интихоботии Русия  номзодии  намояндаи мухолифат Алексей Навалнийро рад кард. Ва аз ин лиҳоз  Вашингтон Москваро  дар маҳдуд намудани  озодӣ ва  поймол кардани ҳуқуқи  башарӣ  муттаҳам  дониста буд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт