Эрон  ИМА-ро дар фитнаситезӣ муттаҳам донист

Эрон  ИМА-ро дар фитнаситезӣ муттаҳам донист

Вакили  доимии Эрон дар СММ Ғулом  Алӣ Ҳушрав ба СММ шикояти расмӣ ирсол намуда, ИМА –ро дар  мудохила ба корҳои дохилӣ ва  дар ташкил кардани ноамнӣ  андаруни   кишвари Эрон айбдор гуфт.  Ин хабарро агентии Tasnim пахш кард.

 “ Ҳукумати ИМА дар фасодкориаш мудовимат дорад. Вай ҳамвора  тамоми тамоюлоти танзими алоқаҳои  байни давлатҳо ва ҳуқуқи байналмилалиро  вайрон  карда истодааст. Маъмурияти Амрико бар раҳбарии Доналд Трамп  рӯзҳои ахир бидуни ягон шарму андеша ба  корҳои  дохилии Эрон  дахолат  кард. Дар паёмади он  тазоҳурот ва авбошӣ шиддат ёфта айнан ИМА ин ҷараёнро пуштибонӣ намуд”- омадааст дар матн.

Ба қавли дипломати  иронӣ , президенти ИМА ва мушовири  вай тавассути твитҳои масхараомез ирониёнро ба ҷунбиши  фитнагарона  такон додаанд.  Дар хабар такроран таъкид шудааст:-“

“ Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии  Эрон  аз тамоми мамлакатҳо мунтазири вокуниш алйҳи ин  сиёсати хатарнок мебошад. Инчунин аз Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико талаб дорад, ки бар асоси тамоюли СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ кор барад”.

Ба андешаи  президенти  мамлакат Ҳасан Рӯҳонӣ, тазоҳурот ба туфайли муаммоҳои дохили давлат, чунончӣ бар асоси фитнаи мамлакатҳои ғайр ҷараён гирифт. Тибқи иттилои ВАО, ҳангоми  тазоҳурот дастикам 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Теҳрон мобайни рӯзҳои ахир тахминан 450 кас  боздошт шуд.

Рӯзи 3 январ раҳбари копуси посбонони Инқилоби Эрон  Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ маълум карда  буд, ки  роҳпаймоии эътирозӣ фарҷом пазируфтааст.

Президенти  ИМА Доналд Трамп бошад  маълум кард, ки  “дар вақти зарурият” Вашингтон  иштирокчиёни тазоҳуроти  Эронро дастгирӣ хоҳад кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт