Покистон хизматҳои  ба ИМА кардаашро расман эътироф кард

Покистон хизматҳои  ба ИМА кардаашро расман эътироф кард

 Вазири умури хориҷии Покистон Муҳаммад Осиф расман эътироф намуд, ки  давлати Покистон бо артиши сершумор ба ИМА хизмат кардааст ва  дар ҷанги эҷодкардаи ИМА сарбозони  зиёд қурбон шудаанд. Ингуна  эътирофи Осиф ҳамчун вокуниш  ба  изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳақи Покистон, садо дод. Вай дар саҳифаи твиттери худ  исбот намуд, ки Покистон ба ИМА эътимод намуда ба густохии азим  роҳ дод.

Осиф эътирози худро бо чунин гуфтаҳо баён кард:-“ Президенти ИМА аз  мо мепурсад:-“ Чиҳоро анҷом додед?”. Ҷавоби мо чунин аст: Мо бароятон дари пойгоҳи низомиамонро боз кардем, таъминоти артиши ИМА дар Афғонистон бо яроқу аслиҳа, тиру  фишанг айнан тавассути ҳудуди мо амалӣ гардид. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандони осоишта ва аскарони  мо ба туфайли ҷанги эҷодкардаи шумо ба ҳалокат расиданд”.

“ Таърих  ба  мо сабақи  нав  омӯхт то ин  ки кӯр-кӯрона ба ИМА бовар нанамоем. Шояд аз фаъолияти мо мамнуну   миннатдор набошед, вале мо  ҳаргиз роҳ намедиҳем ки  шумо обрӯи мамлакатамонро аз ҳад зиёд ба замин яксон кунед”, гӯён изофа намуд  вазири  корҳои хориҷии Покистон.

Чунончӣ Муҳаммад Осиф тавассути саҳифаи  Твиттери худ таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба  паёмади ҷанги саркардаи ИМА нигаронида гуфт,  ки бо хидматҳои кардааш Покистон талафоти зиёд дид.

Трамп рӯзи якуми январ тавассути саҳифаи Твиттери худ маълум кард, ки  ИМА ба Покистон ба миқдори 33 миллиард доллар ёрдам додааст. Вай гуфта буд:-“ Ба андешаи  онон маъмурияти мо тӯдаи аҳмақон аст, ҳол он ки  аз ҷониби онҳо ба  ҷуз фиребу  лағви фаровон чизи дигар надидаем. Бечунучаро Покистон ба “террористҳое”, ки  дар Афғонистон дучори фишор гаштаанд  ҳимояи  бехатар омода намудааст”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт