Шиддат ёфтани тазоҳуроти  мардумӣ дар Эрон

Шиддат ёфтани тазоҳуроти  мардумӣ дар Эрон

Тайи 3 рӯзи ахир дар  Эрон тазоҳуроти оммавӣ  мудовимат дорад. Баъди куштани шудани ду нафар аз халқи  оддӣ , эътироз шиддат ёфт.

 Ба иттилои агентии Reuters , шаҳрвандоне, ки бо эътироз ба кӯчаҳои шаҳри  Машҳад  баромадаанд, аз вазъи иқтисодии мамлакат норизо ҳастанд. Дар саросари мамлакат дараҷаи бекорӣ боло рафт, беқурбшавии асъор авҷ гирифт  ва норасогии аксари молу амвол мушоҳида мешавад. Мувофиқи ахбори расонаҳои давлатӣ, дар  бештар аз 1200 пункти аҳолинишин тазоҳурот ба  вуқӯъ пайваст.

Ба иттилои пулиси мамлакат ба ингуна тазоҳурот, гирдиҳамоӣ иҷозат дода нашудааст  ва аз ин  чиз эътирозкунандагонро ҳушдор намуд. Чунончӣ,  ҷараёни  боздошт ва ҳабси оммавӣ роҳандозӣ шуд.

Раҳбари ВУД Эрон Абдулризо Раҳмон- Фазлӣ гуфт:-“ Мо аз  шаҳрвандон хоҳиш менамоем , ки ингуна тазоҳуроти  ғайриқонунӣ ташкил накунанд. Агар бихоҳанд гирдиҳамоӣ кунанд, роҳпаймоӣ кунанд аввал бояд бо арз муроҷиат намоянд”.

 Тибқи  хабарҳои  торнамоҳои иҷтимоӣ, тазоҳурот дар 30 шаҳри Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон  ва Шаҳри Курд ва Зинҷон суръат гирифт.

Туркистон

“ Ҷумҳурии Исломии Эрон”, ба маънои  идоракунии мардумии  Исломии Эрон мебошад. Ин давлат Исломро бо  куфр омехта, Исломро ҳамчун ниқоби идоракунӣ гардонида, бо раҳбаладии қалбакии эътиқодӣ ҳукуматро  идора мекунад. Воқеан ин давлат шаръан ҳамчун давлати  куфр ( дорул куфр)  дониста мешавад!

Исёни мардуми Эрон ки алҳол сар  боло кард, аслан ҷунбиши  навбатии намояндагони мухолифин ба шумор меравад, ки тӯли чандин солҳо пухта  расид. Дар Эрон Ислом бо секулёризм омезиш ёфт.  Дар натиҷа зоҳиран исломӣ вале ботинан давлати куфр ба вуҷуд омад.Табиист ки  иқтисодиёти  ин мамлакат низ   бар як қонун асоснок нашуд, ки аз  як ақидаи софу  шаффоф сарчашма  гирифта бошад. Чунки Эрон ҳамкори давлатҳои абарқудратӣ куффор аст , узви  ташкилотҳои сиёсӣ мебошад ва  дақиқан маҷбур аст ба қавонини  системаи ҷаҳонӣ итоат кунад. Аз ин ҷост, ки вай на дар сиёсат ва на дар иқтисодиёти худ Исломро асос намекунад. Пас, ҷумҳурии Исломии Эрон  аз дини Ислом маҳдудан , ҳадди  ақал  истифода мебарад. Бо мақсади  фиребидани мардуми Эрон  баъзе арзишҳои исломиро ташаккул медиҳад, одамонро бо хурофот андармон месозад ва  аҳёнан ба фатовои  қалбакии исломӣ,  таҳдидомез  алайҳи  яҳудиҳо садо  баланд мекунаду  тамом. Аслан аҳволи  ночори иқтисодии Эрон дар ҳамкорӣ бо системаи ҷаҳонии  куффор ҷараён дорад.  Гарчи  чунин аст  тазоҳуроти мардум айнан ба  раҳбаладии исломӣ нигаронида шудааст. Зеро раҳбари ҳақиқии Эрон , пешвои динӣ Ҳоманаӣ ба  шумор меравад ва вай иддао дорад ки мамлакатро  бар асоси  тамоюлҳои соф  Исломӣ идора карда истодааст. Системаи алмонии ҷаҳонӣ,  аз ин даъвои раҳбарияти динӣ истифода бурда, мафҳумеро, ки тамоми хатоҳои  ва   ночориҳо айнан аз   дин сарчашма мегирифта бошад,  пешкаш намуд.  Ҳодисоти Эрон ҳаргиз  ҷунбиши инқилобӣ нест! Чунки дар он мамлакат худ фазои инқилобӣ-фикрӣ  вуҷуд надорад. Дар Эрон ҷунбише барои тағйир додани  зерсохтори идоракунии давлатӣ сар бардошт. Яъне  неруҳои алмонӣ мехоҳанд гурӯҳи идоракунандаи диниро , ки торафт  дар назари мардум беобрӯ шуда истодааст, аз сари  қудрат фишурда барорад.

Ин ҷараёни ғайричашмдошт нест, балки  табииӣ  аст. Зеро ҳаргуна соҳиби қудрат  бо мадади куфр , бо ҳамкорӣ бо  куффор ва тавассути куффор бихоҳад Исломро олӣ кунад, тақдири он чунин  хоҳад буд. Ва ба ҷуз ин натоиҷи паёмади дигар вуҷуд надорад!

Ин воқеъияти Эронро ҳамчун ҳаракати алмонӣ, инқилобӣ арзёбӣ кардан дуруст аст. Феълан мардум ҳатто ба низоми куффори бо Ислом печида розӣ нестанд. Аниқтараш дар Эрон ҷараёни табии  ба бӯҳрон дучор омадани низоми куффор ( -и  ба Ислом печида), мушоҳида мешавад. Яъне  фазои қалбакии исломӣ, ки чанд муддат барои куффор бениҳоят манфиатовар буд, инак даркор нест! Ё ин ки  мардуми Эрон, ки замоне ба ҷуз Ислом ба чизи дигаре розӣ набуд, инак аз низоми  қалбакии фосиди ба ном исломӣ сахт дилгир шуд. Системаи ҷаҳонии куффор ин  рӯзро дер боз босаброна мунтазир шуд ва барои  тезонидани  ин ҷараён тамоми  имкониятро истифода бурда истодааст!

Дар Арабистони Саудӣ ҳамчунин гуна  низоми фасод ҳукмрон аст. Ин бадбахтӣ, ки ба сари Эрон омадааст, бечунучаро рӯзе ба сари Сауд меояд иншоАллоҳ! Саудӣ ба миллиардҳо доллар аз давлатҳои абарқудрати  куффор яроқу аслиҳа харид кард. Шояд  барои пешгирии гуна ҳолат тайёрӣ дида истода  бошад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт