Эрдуғон бо Папа масъалаи Байтулмуқаддасро   муҳокима кард

Эрдуғон бо Папа масъалаи Байтулмуқаддасро   муҳокима кард

 Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон  тавассути телефон бо Папа Франсис дар тамос шуд. Онҳо муаммои Байтулмақдисро, ки аз ҷониби  президенти ИМА Доналд Трамп  сар зада буд,  мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин хабарро дастгоҳи  президентии Туркия  маълум кард. Мувофиқи  иттилои манбаи хабаррасон, президент Эрдуғон ва  Папа Франсис таъкид намуданд, ки ҳамакаса бояд дифоъ аз вазъи  феълии Байтулмуқаддас кунанд, чун ин макон дар алоқаҳои байни динҳо ва  барқарории амни минтақа мавқеи  муҳимро ишғол менамояд. Чунончӣ ба андешаи  тарафайн барои   тактаки одамон ҳифзи  мақоми Қуддус кори аввалиндараҷа ба  шумор рафта ба  ҷидду ҷаҳди муштарак  ниёз дорад.

Дар аснои сӯҳбат президент Эрдуғон ва Папа Франсис ба вохӯрии рӯ ба рӯ дар ояндаи наздик созиш намуданд.

Туркистон:

 Дар назари аввал чунин менамояд, ки  Эрдуғон ҳамчун раҳбари мусулмон   барои Қудс ҷон мекоҳонад. Чунки алайҳи Трамп изҳороти тунд дод ва ( Исроил)-ро  ба таври ошкоро “ давлати ғасбгари ифротӣ” номид. Дар шаҳри Истамбул намояндагони   давлатҳои аъзо ба Созмони ҳамкориҳои исломиро гирд оварда, Қудси Шарқиро пойтахти Фаластин эълон кард.

Аммо  агар ба масъала амиқтар баҳо доданӣ бошем, воқеан дар ҷаласаи  Созмони ҳамкориҳои исломӣ ( Исроил)-ро ошкоро  давлати  террористӣ гуфту вале бо ҳамон давлати ифротгарона алоқаҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодиро наканд. Ҳароина , бо баҳонаи “ мубориза алайҳи  террор” рӯзмарра мусулмонҳоро боздошт ва ҳабс карда истодааст.

Чунончӣ  Эрдуғон ба президенти ИМА Доналд Трамп хитобан гуфт: “ Шумо асло ҳақ надоред ба  таври худ қарор қабул кунед, ҳол он ки дунё фақат аз шумо иборат нест”. Аммо дар ҳалли муаммо, лоиҳаи “ ду давлатӣ”-и ИМА-ро  оид ба Фаластин  пешниҳод намуда, бар асоси ҳамин  лоиҳа қарор қабул  кард.

Дар изҳороти ниҳоии ташкилот омадааст:-“ Мо ҳамаро барои риоя кардани сулҳу суботи густурда, ки  бар асоси лоиҳаи ду давлатдорӣ барпо шудааст, фаро мехонем.

Ҳол он ки дар Шарқи Наздик Бритониё лоиҳаи “ давлати ягона”-ро пешкашкарда ва бархилофи  он ИМА лоиҳаи “ да давлатдорӣ”-ро  пешниҳод  намуд. Ин чиз аз касе пӯшида нест.

Хулоса, масъалаи Байтулмуқаддас ишколе нест, ки  бо Папа муҳокима карда шавад  ва  ё бо муроҷиат ба СММ ҳаллу фасл ёбад. Балки як ҳукми шаръӣ дорад. Ҳангоми сар бардоштани масъалаи Фаластин Халифа Абдулҳамид шабеҳи ҳукуматдорони имрӯза  танқид накард, аз нафаре мадад нахост, бо пешвоёни  дини дигар ( Папа) муҳокима  накард, балки фавран ба иқдоми шаръӣ даст зад, ки барояш фармуда шудааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт