Путин: Агар ИМА  ва НАТО  намебуд авзоъи Афғонистон муташанниҷ мемонд

Путин: Агар ИМА  ва НАТО  намебуд авзоъи Афғонистон муташанниҷ мемонд

Ба қавли Президенти Русия Владимир Путин алъон дар Афғонистон вазъи марбути хатари террор авҷ ёфт, вале агар НАТО ва ИМА намебуд, онгоҳ авзоъ боз ҳам бадтар мешуд. Ин хабарро Интерфакс пахш кард.  Путин рӯзи 25 дар ҷаласаи раҳбарони палатаҳои Федералӣ нутқ эрод карда гуфт, ки дар мамлакатҳои ҳаммарзи Афғонистон чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ҷангҷӯёни  ҷунбиши Толибон дар мавриди  омодагӣ ба таҷовузи тоза  қарор доранд.

Ба андешаи Путин,   пайдошавии   “ Давлати Исломӣ” дар  Афғонистон  як ҷиҳати ташвишнок аст. Феълан ДОИШ бо “ Толибон” рақобат  дорад. “ Ин ҳолат вазъи Афғонистонро боз ҳам хатарнок месозад”- гӯён таъкид кард Путин.

“Воқеан , ҳангоми бошиши НАТО ва ИМА дар Афғонистон вазъият  бадтар шуд. Ин чиҳатро бояд эътироф кард, вале агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намебуд, вазъият аз ин дида  хатарнок мешуд.  Муносибати мо бо ИМА мураккаб аст, аммо бояд мо ба вазъият бо равшанфикрӣ баҳо диҳем, пас ҳақиқати ҳол ҳамин аст”- изофа кард Владимир Путин.

Чанде қабл  ВКХ Русия  маълум карда буд, ки  дар масъалаи Афғонистон тайёр аст  бо ИМА ҳамкорӣ ба роҳ  монад.  Авзоъи кунунии Афғонистон НАТО-ро маҷбур мекунад  рисолаи тадриҷиро марбути ин кишвар аз сари нав дида барояд.

Туркистон:

Дар моҳи марти соли   2018 Русия  интихоботӣ президентӣ мегузаронад.  Барои Путин зарур аст дар  фарҷоми вазифа ба авзоъи кунунии Русия баҳо диҳад, аниқтараш аз оқибати корҳои кӯтоҳандешонаи  худ  ҳисобот  диҳад. Ба сабаби масрафи зиёдаш мамлакатро ба ҳолати нангин оварда расонд. Вай маблағи калонҳаҷмро ба ҳаракатҳои ғасбгаронаи низомӣ  ба Сурия ҳарҷ намуд. Инак, бояд барои хедсафедкунӣ пеши шавҳрвандонаш ягон баҳонаи арзанда бофта барояд!  Путин фақат  ба хотири боқӣ гузоштани курсии мансаби худ ва  атрофиёнаш ба ҷанги  Сурия дахолат карда буд. Ҳароина, вай бо алфози  боло мехоҳад бигӯяд, ки дар ин ҷанг барои Русия мақсаду манфиат мавҷуд буд ва онро айнан вай амалӣ гардонд.

Воқеан , Путин ба манфиати Русия талафоти ҷиддӣ расонд. Иқтисоди мамлакатро бӯҳронӣ намуд, дар дохили кишвар сиёсати хусусӣ  кунониданро ҷорӣ кард, даромади мамлакатро бар ихтиёри гурӯҳе ҷиноятпешагони  бо номи олигарх, вогузошт. Дар паёмади кор саноати сабук ва вазнини  Русия ба бӯҳрони шадид мубтало гардид.

  Тарзи зиндагонии шаҳрвандони Русия рӯзафзун вазнин шуд. Ҳароина, дар сиёсати байналмилалӣ Русия ягон манфиати  ҷаҳонии мафкуравӣ надорад ! Яъне ягон вазнаш намонд.  Вай дар ҳолате намебошад ки барои “рафъӣ хатари  азим дар Шом,Осиёи Марказӣ ва ё ин ки дар манотиқи дигари олам ҷанг карда ягон фоида ба даст  оварад! Путин ба сабаби касрати худбинӣ, ҷоҳталабӣ ва якравиаш мамлакатро ба кӯчаи сарбаст оварда расонд, инак барои пардапӯш кардани шикастҳояш  бо ИМА забон як кард ва ба Сурия юриши таҷовузкоронаи низомӣ роҳандозӣ намуд.

  Чанде қабл, зимни  тамоси телефонӣ бо раҳбари ИМА, Трамп  аз  Путин барои  ҷонбозиҳояш дар ҷанги  Сурия миннатдор шуд  ва ба муаммоҳои  Шарқи Наздик, манотиқи Осиё ва  Осиёи Марказӣ таваққуф намуд. Чунончӣ, вай  барои  ҳамкориҳои  минбаъда дар манотиқи хатарнок ,изҳори умедворӣ кард.

Аз ин мебарояд Путин бо мақсади  боқӣ мондан дар вазифаи худ,  розӣ аст бо ИМА ҳамкории муддавом  кунад ва дар манотиқи нав тухми ҷанг  кошад.  Дирӯз  Русия ба Тоҷикистон яроқу аслиҳа фурӯхт. ИМА бошад ташкилоти ҳарбии “ДОИШ”-ро дар Афғонистон  аз сари нав ташаккул доданист.

Русия  дар лаби ҷарӣ қарор дорад . Пас, Путин чораи дигар надорад ва  Русияро ҳамеша дар  ҳолати хавфу хатари беасос нигоҳ медорад.

Хулосаи гап, ИМА Русияро ҳамкори худ карда, мехоҳад дар Осиёи Марказӣ вазъияти хатарнок эҷод кунад. Мақсад, бо бунёди пойгоҳҳои  низомӣ дар ин минтақаҳо, ҳолатеро омода намоянд ки барои Хитой таҳдидовар бошад. Мақсади Русия бошад дар сари ҳадафи ИМА кӯмакрасони вай шуда, ҳамчун саги бовафо хизмат ба ҷо оварда, розигии вайро шомил гардад. То ин ки  ба курсии вай осеб нарасад ва    сохтораш боқӣ монад .

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт