Ҷээнбеков  бо сафари расмӣ ба Қазоқистон раҳсипор шуд

Ҷээнбеков  бо сафари расмӣ ба Қазоқистон раҳсипор шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков бо ташрифи  расмӣ,  рӯзи  25 декабри соли равон аз Қазоқистон боздид намуд. Дар чаҳорчӯбаи  ташриф мулоқоти байни Ҷээнбеков ва президенти Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев ба нақша гирифта шудааст.

Чунончӣ, раҳбарони ду  кишвар  мулоқоти густурда мегузаронанд ва зимни гуфтугӯ масоили  ҳалталаби марбути  алоқаҳои  байниҳамдигарӣ  ва  масъалаи ИИАО  мавриди баррасӣ қарор хоҳад ёфт. Доир ба итмоми ташриф якчанд санад имзо мешавад ва раҳбарони  ду давлат изҳороти муштарак қабул мекунанд.

Ҳамзамон дар аснои ташриф Сооронбой Ҷээнбеков бо нахуствазири Қазоқистон Бақитжан Сағинтаев вохӯрда,  мубодилаи афкор  мекунад.

Дар хабар омада, ки Ҷээнбеков баъди анҷоми мулоқот , рӯзи 26 декабр аз Қазоқистон ҷониби Москва   парвоз мекунад.

Гуфта мешавад, ки сафари кории Ҷээнбеков бино бар даъвати президенти Русия Владимир Путин роҳандозӣ шудааст. Ҷээнбеков дар Москва дар  ҷаласаи ғайрирасмии раҳбарони давлатии ИДМ иштирок мекунад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт