Путин давлатҳои  ИДМ ба  ҳамкорӣ фаро хонд

Путин давлатҳои  ИДМ ба  ҳамкорӣ фаро хонд

 Раисҷумҳури Русия Владимир Путин санаи 19 декабри  соли равон бо раҳбарони хадамоти амнияти  миллии  мамлакатҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вохӯрда онҳоро барои ҳамкорӣ дар мубориза зидди ифротгароӣ ва таасубгароӣ фаро хонд. Ба қавли вай бештари ҷангҷӯёни Сурия  ва Ироқ фирориёни собиқ мамлакатҳои ИҶШС ҳастанд ва  онон ба нуқтаҳои ҷанг рафта, ба сафи  гурӯҳҳои ҷангҷӯ ( Муҷоҳидин) пайвастаанд. Инак, бозгаштани онон ба ватанашон суръат гирифт. Вай аз ҳолати феълӣ изҳори нигаронӣ кард  ва  раҳбарони ҚДАМ-ро аз хатар ҳушдор намуд.  Путин афзуд:-“ Дақиқан  барои сазовор шудан ба натоиҷи босамар  бояд якҷоя кӯшиш ба харҷ барем ва  кор бурдан дар ҳамшарикӣ бо хадамоти амнияти  Миллии  давлатҳои ИДМ  айни  муддаост”.

Тибқи иттилои рӯзномаи “Известия”  дар мулоқоти мазкур раҳбарони хадамоти амнияти миллии давлатҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон , Арманистон, Беларусия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Аз бозе ки Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда шуд  26 сол сипарӣ гашт, аммо бо вуҷуди ҳамин то ба  ҳоло раҳбарони  хадамоти амнияти миллии  давлатҳои таркиби собиқ ИҶШС  дар ҳамшарикӣ мудовимат доранд.

Дар нишасти  матбуотии вобаста ба итмоми соли 2017 Владимир Путин , кишварҳои соҳибистиқлоли аз таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудошударо, хоссатан мамлакатҳои Осиёи Марказиро аз эҳтимоли хатари аз ҷониби муҷоҳидин меомада, ҳушдор намуд.

Туркистон :

 Дар моҳи марти соли   2018 Русия  интихоботӣ президентӣ мегузаронад.  Барои Путин зарур аст дар  фарҷоми вазифа ба авзоъи кунунии Русия баҳо диҳад, аниқтараш аз оқибати корҳои кӯтоҳандешонаи  худ  ҳисобот  диҳад. Ба сабаби масрафи зиёдаш мамлакатро ба ҳолати нангин оварда расонд. Вай маблағи калонҳаҷмро ба ҳаракатҳои ғасбгаронаи низомӣ  ба Сурия ҳарҷ намуд. Инак, бояд барои хедсафедкунӣ пеши шавҳрвандонаш ягон баҳонаи арзанда бофта барояд!  Путин фақат  ба хотири боқӣ гузоштани курсии мансаби худ ва  атрофиёнаш ба ҷанги  Сурия дахолат карда буд. Ҳароина, вай бо алфози  боло мехоҳад бигӯяд, ки дар ин ҷанг барои Русия мақсаду манфиат мавҷуд буд ва онро айнан вай амалӣ гардонд.

Воқеан , Путин ба манфиати Русия талафоти ҷиддӣ расонд. Иқтисоди мамлакатро бӯҳронӣ намуд, дар дохили кишвар сиёсати хусусӣ  кунониданро ҷорӣ кард, даромади мамлакатро бар ихтиёри гурӯҳе ҷиноятпешагони  бо номи олигарх, вогузошт. Дар паёмади кор саноати сабук ва вазнини  Русия ба бӯҳрони шадид мубтало гардид.

  Тарзи зиндагонии шаҳрвандони Русия рӯзафзун вазнин шуд. Ҳароина, дар сиёсати байналмилалӣ Русия ягон манфиати  ҷаҳонии мафкуравӣ надорад ! Яъне ягон вазнаш намонд.  Вай дар ҳолате намебошад ки барои “рафъӣ хатари  азим дар Шом,Осиёи Марказӣ ва ё ин ки дар манотиқи дигари олам ҷанг карда ягон фоида ба даст  оварад! Путин ба сабаби касрати худбинӣ
якравиаш мамлакатро ба кӯчаи сарбаст оварда расонд, инак барои пардапӯш кардани шикастҳояш  бо ИМА забон як кард ва ба Сурия юриши таҷовузкоронаи низомӣ роҳандозӣ намуд.

  Чанде қабл, зимни  тамоси телефонӣ бо раҳбари ИМА, Трамп  аз  Путин барои  ҷонбозиҳояш дар ҷанги  Сурия миннатдор шуд  ва ба муаммоҳои  Шарқи Наздик, манотиқи Осиё ва  Осиёи Марказӣ таваққуф намуд. Чунончӣ, вай  барои  ҳамкориҳои  минбаъда дар манотиқи хатарнок ,изҳори умедворӣ кард.

Аз ин мебарояд Путин бо мақсади  боқӣ мондан дар вазифаи худ,  розӣ аст бо ИМА ҳамкории муддавом  кунад ва дар манотиқи нав тухми ҷанг  кошад.  Дирӯз  Русия ба Тоҷикистон яроқу аслиҳа фурӯхт. ИМА бошад ташкилоти ҳарбии “ДОИШ”-ро дар Афғонистон  аз сари нав ташаккул доданист.

Русия  дар лаби ҷарӣ қарор дорад . Пас, Путин чораи дигар надорад ва  Русияро ҳамеша дар  ҳолати хавфу хатари беасос нигоҳ медорад.

Хулосаи гап, ИМА Русияро ҳамкори худ карда, мехоҳад дар Осиёи Марказӣ вазъияти хатарнок эҷод кунад. Мақсад, бо бунёди пойгоҳҳои  низомӣ дар ин минтақаҳо, ҳолатеро омода намоянд ки барои Хитой таҳдидовар бошад. Мақсади Русия бошад дар сари ҳадафи ИМА кӯмакрасони вай шуда, ҳамчун саги бовафо хизмат ба ҷо оварда, розигии вайро шомил гардад. То ин ки  ба курсии вай осеб нарасад ва    сохтораш боқӣ монад .

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт