Путин  мамлакатҳои  ИДМ-ро  аз хатари нав ҳушдор намуд

Путин  мамлакатҳои  ИДМ-ро  аз хатари нав ҳушдор намуд

 Ба андешаи президенти Русия Владимир Путин,  чашмдошт аст барои мамлакатҳои ИДМ аз ҷониби террористҳо хатари азим ояд ва  онҳо ин манотиқро ҳамчун майдони набард қарор диҳанд.Гуфтаҳои Путинро раҳбари  хадамоти бехатарии Федералии Русия  Александр Бортников  зимни ҷаласаи Шӯрои раҳбарони  шӯъбаҳои бехатарӣ ва хадамоти махсуси  мамлакатҳои аъзо ба ИДМ, маълум кард.

 “  Бояд эътироф намуд, ки  алайҳи  хатарҳои рӯйдода ва таҳдидҳои сарзада бо  услубҳои  босамар ҷавоб гуфт. Хатари асосӣ барои мамлакатҳои ИДМ  чашмдошт аст аз ҷониби ташкилотҳои терроистии  Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ   фаро расад. Террористҳо  мехоҳанд аз ин минтақа  ҳамчун майдони экспансия истифода баранд, дар ин ҷойҳо ҷангҷӯёни нав кироя мекунанд, онҳоро таълим медиҳанд . Ва  ҳадафи онон аз қолаб дур андохтани эътидоли давлатҳои  ИДМ мебошад”.

Чунончӣ  тавре ки дар матн таъкид карда  шуд, вохӯрии анъанавии хадамоти махсус “ дар мубориза зидди ифротгароӣ, таасубгароӣ ва табодули ғайриқонунии  маводи мухаддир, ҷиноятҳои гурӯҳӣ ва ҳоказоҳо самарбахш хоҳад  шуд. Бешубҳа зарур аст тавсеаи ҳамкорҳои байниҳамдигарӣ дар ин  ҷода ба роҳ монда шавад”.

Туркистон:

Дар моҳи марти соли   2018 Русия  интихоботӣ президентӣ мегузаронад.  Барои Путин зарур аст дар  фарҷоми вазифа ба авзоъи кунунии Русия баҳо диҳад, аниқтараш аз оқибати корҳои кӯтоҳандешонаи  худ  ҳисобот  диҳад. Ба сабаби масрафи зиёдаш мамлакатро ба ҳолати нангин оварда расонд. Вай маблағи калонҳаҷмро ба ҳаракатҳои ғасбгаронаи низомӣ  ба Сурия ҳарҷ намуд. Инак, бояд барои хедсафедкунӣ пеши шавҳрвандонаш ягон баҳонаи арзанда бофта барояд!  Путин фақат  ба хотири боқӣ гузоштани курсии мансаби худ ва  атрофиёнаш ба ҷанги  Сурия дахолат карда буд. Ҳароина, вай бо алфози  боло мехоҳад бигӯяд, ки дар ин ҷанг барои Русия мақсаду манфиат мавҷуд буд ва онро айнан вай амалӣ гардонд.

Воқеан , Путин ба манфиати Русия талафоти ҷиддӣ расонд. Иқтисоди мамлакатро бӯҳронӣ намуд, дар дохили кишвар сиёсати хусусӣ  кунониданро ҷорӣ кард, даромади мамлакатро бар ихтиёри гурӯҳе ҷиноятпешагони  бо номи олигарх, вогузошт. Дар паёмади кор саноати сабук ва вазнини  Русия ба бӯҳрони шадид мубтало гардид.

  Тарзи зиндагонии шаҳрвандони Русия рӯзафзун вазнин шуд. Ҳароина, дар сиёсати байналмилалӣ Русия ягон манфиати  ҷаҳонии мафкуравӣ надорад ! Яъне ягон вазнаш намонд.  Вай дар ҳолате намебошад ки барои “рафъӣ хатари  азим дар Шом,Осиёи Марказӣ ва ё ин ки дар манотиқи дигари олам ҷанг карда ягон фоида ба даст  оварад! Путин ба сабаби касрати худбинӣ
якравиаш мамлакатро ба кӯчаи сарбаст оварда расонд, инак барои пардапӯш кардани шикастҳояш  бо ИМА забон як кард ва ба Сурия юриши таҷовузкоронаи низомӣ роҳандозӣ намуд.

  Чанде қабл, зимни  тамоси телефонӣ бо раҳбари ИМА, Трамп  аз  Путин барои  ҷонбозиҳояш дар ҷанги  Сурия миннатдор шуд  ва ба муаммоҳои  Шарқи Наздик, манотиқи Осиё ва  Осиёи Марказӣ таваққуф намуд. Чунончӣ, вай  барои  ҳамкориҳои  минбаъда дар манотиқи хатарнок ,изҳори умедворӣ кард.

Аз ин мебарояд Путин бо мақсади  боқӣ мондан дар вазифаи худ,  розӣ аст бо ИМА ҳамкории муддавом  кунад ва дар манотиқи нав тухми ҷанг  кошад.  Дирӯз  Русия ба Тоҷикистон яроқу аслиҳа фурӯхт. ИМА бошад ташкилоти ҳарбии “ДОИШ”-ро дар Афғонистон  аз сари нав ташаккул доданист.

Русия  дар лаби ҷарӣ қарор дорад . Пас, Путин чораи дигар надорад ва  Русияро ҳамеша дар  ҳолати хавфу хатари беасос нигоҳ медорад.

Хулосаи гап, ИМА Русияро ҳамкори худ карда, мехоҳад дар Осиёи Марказӣ вазъияти хатарнок эҷод кунад. Мақсад, бо бунёди пойгоҳҳои  низомӣ дар ин минтақаҳо, ҳолатеро омода намоянд ки барои Хитой таҳдидовар бошад. Мақсади Русия бошад дар сари ҳадафи ИМА кӯмакрасони вай шуда, ҳамчун саги бовафо хизмат ба ҷо оварда, розигии вайро шомил гардад. То ин ки  ба курсии вай осеб нарасад ва    сохтораш боқӣ монад .

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт