Ба ҷои сарони кишварҳои Исломӣ раҳбари Корея изҳорот дод

Ба ҷои сарони кишварҳои Исломӣ раҳбари Корея изҳорот дод

Эътирофи президенти ИМА Доналд Трамп шаҳри Байтулмақдисро ҳамчун пойтахти Исроил, тавъам қарори  аз Тел-Авив ба Қудс кӯчонидани сафоратхонаи  Амрико дар аксари раҳбарони давлатҳои олам тазоҳурот  эҷод кард. Аз ҷумла  раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Жонг-ун  ӯро  “ пирамарди  аҳмақ”     гуфт  ва   иқдоми болоро “ яке  аз ҳаракатҳои кӯтоҳандешона ва аҳмақона” арзёбӣ намуд.

Жонг–ун афзуд:-“ Магар худи давлате бо номи Исроил арзи вуҷуд дорад, ки пойтахташ  Қудс бошад?”. Ҳамзамон  вазири умури Хориҷии Корея Рӣ Ёнг Ҳо гуфт, ки  давлати яҳудиро эътироф нахоҳад кард ва Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Фаластин қабул дорад. Тибқи иттилои агентии “AFP”, яке  аз  котибини матбуотии вазорати Корҳои Хориҷӣ   аз гуфтори Трамп изҳори нигаронӣ намуда онро ҳамчун  қарори “ мубҳам ва шайтонӣ” арзёбӣ намуд.  Ба андешаи вай ингуна гомҳои ИМА таҳдиди   ҳақиқиро, ки ба амнияти дунё ва бехатарии ҷаҳон хатарпазир аст, равшанӣ андохт, ошкор сохт.

Дар тавсифномаи вазорати умури Хориҷии Кореяи Шимолӣ омадааст:-“ Аз ин  рафтору гуфтори  як шахси аҳмақу маризи рӯҳӣ ( Президент Доналд Трамп)  , таҳайюр накардем. Чун вай чанде қабл барои маҳвсозии як давлати  комилан соҳибистиқлол ( Кореяи Шимолӣ) –и таркиби СММ фаро хонда  буд. Аз ин мебарояд , хатари асосӣ , ки сулҳу суботи оламро халалпазир мегардонад,  худи ӯст”, “  Мо  Фаластин ва  халқи Арабро, ки баҳри соҳибҳуқуқӣ ҷидду ҷаҳд дорад дастгирӣ мекунем ва пушибони онҳоем”.

Трамп рӯзи 6 декабри соли равон бо баромади ғайричашмдошт оламро  ба ларза андохта буд. Вай дар баёноташ вазорати корҳои Хориҷиро вазифадор намуда, ки сафоратхонаи Амрикоро аз Тел-Авив  ба Байтулмуқаддас кӯчонад ва дар сари ин ҳадаф муҳандисони соҳибтаҷрибаро ҷалб созад.

Ҷиҳати ҳайратовар дар он аст, ки Трамп қабл аз изҳороташ тавассути телефон бо чандин  сарони  кишварҳои исломӣ  дар тамос шуда  будааст. Айнан бо ҳамон раҳбароне ки ба хотири Қудс ва масҷиди Ақсо гӯё ҷон сӯзонида  бонги хатар мезаданд.  Байни ин раҳбарон Шоҳи Сауд Салмон ибни Абдулазиз,  раҳбари идораи Фаластин Маҳмуд Аббос, подшоҳи Иордания Абдуллоҳ, президенти Миср ас-Сисӣ низ буданд. Баъди чанд соати сӯҳбат бо онон, раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп маълум намуд , ки  Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эълон  хоҳад кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт