Раҳбари Афғонистон  бо ташрифи расмӣ аз Ӯзбекистон боздид намуд

Раҳбари Афғонистон  бо ташрифи расмӣ аз Ӯзбекистон боздид намуд

  Тибқи иттилои  хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, раҳбари Афғонистон Муҳаммад  Ашраф Ғаниро, ки бо сафари расмӣ  ба Ӯзбекистон   омада буд, дар қароргоҳи  Кӯксарой пазироӣ намуданд. Дар  қисми ниҳоии музокироти Кӯксароф, ба изҳороти муштараки раҳбарони  Ӯзбекистон ва Афғонистон имзо гузошта шуд.

Санадҳои марбути  ҳамкориҳо дар  соҳаҳои  савдо-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, фан, таълим ва  ҳоказоҳо, ҷамъ ба 20 ҳуҷҷат имзо ниҳоданд. Таъсиси кумиссиюни  муштарак оид ба масоили бехатарӣ, кӯмакрасонӣ доир  ба ҳуқуқи  шаҳрвандӣ, хонаводагӣ ва  корҳои ҷиноӣ, сохтмони хатти барқрасони Сурхон – Пули Хумрӣ, барпосозии роҳи оҳани Мазори Шариф- Шибирғон- Маймана- Ҳирот, интиқоли амвол ва  ҳуҷҷат  дар  бораи алоқаҳои соҳаи боҷ аз ҷумлаи онҳост.

Тавъам,   дар чорчӯбаи ташриф  40 созиши содиротӣ ба қимати  зиёда аз  500 миллион доллар
қабул шуд. Раисҷумҳури Афғонистон ва раҳбари Ӯзбекистон  бо намояндагони васоити ахбор мулоқот намуданд. Ба андешаи раҳбарони  ду кишвар созишҳои  имзошуда барои тақвият бахшидани алоқаҳои байниҳамдигарӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дарозмуддат хизмат .
хоҳад кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт