Меҳмет Гўрмез:  Якояки мӯъминин масъули Хилофатанд

Меҳмет Гўрмез:  Якояки мӯъминин масъули Хилофатанд

 Вазири собиқи Туркия оид ба  корҳои дин Меҳмет Гӯрмез дар “ Конфоронси чоршанбе”-и ҳарҳафтаини маркази тадқиқоти  Иҷтимоӣ  ва Иқтисодӣ нутқ эрод намуда, ба  масъалаи  офариниши башарият марбути  Қуръони Карим, равшанӣ  андохт.

 Аз ҷумла Гӯрмез  афзуд:-“ Дар Қуръон марбути офариниши аҳли башар оятҳои зиёде омадааст. Вале  ин оятҳоро вобаста  ба чаҳор ғоя фаҳмидан мумкин аст, яъне ибодот, хилофат, амонат ва ободонӣ. Барои ибодат сидқ,  ихлос ва самимият шарт аст. Барои   мавҷудияти Хилофат дар амал адолат зарур аст. Барои адои ҳаққи амонат будани  Хилофат ҳатмист. Барои  иҷрои покӣ ва рушду равнақ ҷиҳод ва иҷтиҳод лозим мебошад. Мо роҳу равиши иҷрои  ин аъмолро аз сияри  Паёмбари гиромӣ ( саллаллоҳу алайҳи  васаллам) меомӯзем”.

Маънии ибодат танҳо тоъату ибодот нест, агар касе чунин гуфт иштибоҳ карда, бал Ибодат-  ин тарзи ҳаёт аст. Вай имкон медиҳад то  ки бандагон ба Офаридгор аз ҳар ҷиҳат  такя  кунанд. Ибодат- ба тартибоварии ҳаёти одам бино бар фармони  Худованд аст. Фақат бо  тоъат, зикру намоз шуғл  варзидан нест”.

Тавъам собиқ вазир  ба вазифаи муҳимтарини Мусулмонони дунё ишора карда , ки он  вазоиф виборат аст аз барпосозии  давлати  ягонаи Хилофат. Ба андешаи вай  Хилофат масъулияти тамоми дунёро бар дӯши  мусулмонҳо месупорад.

“ Хилофат  ҷавобгарии  дунёро бар  дӯши  муслимин бор мекунад. Якояки мӯъмин баҳри Хилофат масъул аст. Ин масъулият ба хоҳиши идоркунии  мардум вобаста нест. Ин масъулият вазифест муҳим ва  иборат аст аз тавсеи дини овардани Муҳаммад Мустафо ( саллоллоҳу алайҳи васаллам) дар саросари олам мебошад. Вазифаи  Хилофат  бошад ба тамоми дунё паҳн кардани раҳму шафқати Ислом аст. Уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз тамоми  дунё масъул мебошад” – илова кард вазир.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт