Нахусткотиби давлатии ИМА ба истеъфо меравад

Нахусткотиби давлатии ИМА ба истеъфо меравад

 Феълан дар хонаи  Сафед нақшаи  аз вазифа сабукдӯш намудани котиби давлатии ИМА Рекс Теллерсон   тарҳрезӣ мешавад. Чашмдошт  аст   раҳбари  сарраёсати таҷассуси Марказӣ Майк Помпео    ҷои ӯро ишғол намояд.   Ин хабарро рӯзномаи  The New York  Times бино бар намояндаи олирутбаи идораи президентии ИМА, маълум кард.

 Сониян  ин хабарро ожонсии Associated Press ва Reuters , чунончӣ созмонҳои дигари хабаррасон низ эълон намуданд. Дар худи хонаи  Сафед бошад хабарҳоро  доир ба табадуллоти кадрӣ ғайриасос мегӯянд.

Ба андешаи мусоҳиби  The New York Times  истеъфои Тиллерсон дар мобайни  ҳафтаи наздик амалӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки баъди тағйироти кадрӣ  вазифаи раҳбарии СМТ (ЦРУ) –ро   ҳаммароми наздиктарини Доналд Трамп, сенатор- республикачӣ Том Коттон ишғол мекунад.  Муносибати худи Трамп ба ин нақшаи  хонаи Сафед норавшан аст ва рӯзнома дар ин хусус ҳеч чиз нагуфтааст.

Дар саршавии  моҳи  октябри соли  равон Тиллерсон ба шабакаи телевизионии NBC гузориш  дода маълум карда буд, ки ба сабаби бархостани  моҷаро байни ӯву  Трамп чашдошт аст истефоъ диҳад.

Чунончӣ , аз расонаҳои эътимоднок дониста шуд, ки раҳбари  департаменти  Давлатӣ аллакай  тобистони  соли  ҷорӣ мехост курсии мансаб биспорад, вале бо исрори мушовири президент Майк Пенс дар вазифа мондааст. Тиллерсон бошад ин хабарро инкор кард  ва таъкид намуд, ки ба “президенти феълӣ содиқ  хоҳад монд”.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт