ИМА:  Назар ба Эрону Русия мо ба Туркия фоида бештар овардем

ИМА:  Назар ба Эрону Русия мо ба Туркия фоида бештар овардем

 Котиби Давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар маркази “ Уилсон”  бо  маърӯзаи  “ ИМА ва Аврупо:  Тақвият бахшидани иттиҳоди Ғарб” баромад кард. Вай зимни  суханронӣ Туркияро барои нигаронидани  таваҷҷӯҳи хоса  ба муофиаи  умумии  муттаҳидони НАТО , фаро хонд. Ба андешаи Тиллерсон Туркия ҳамшарики муҳими ИМА дар НАТО мебошад.

Котиби Давлатии ИМА афзуд:-“ Мо ҳамчун  ҳамшарик аз Туркия талаб мекунем , то ки  мудофиаи умумии иттиҳодро қавӣ созад. Давлатҳои Ғарб он фоидаҳои иқтисодӣ ва  сиёсиеро ки ба ҷамъияти Туркия  тақдим намудааст, асло ба Эрон ва Русия пешниҳод кардан наметавонанд”.

Аз ҷумла Тиллерсон аз хатту ҳаракатҳои Эрон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки  таъсири “бад”-и Эрон ба Сурия ва Ироқ мудовимат дорад ва ИМА алайҳи Теҳрон пуштибони кишварҳои Аврупо хоҳад шуд.

“ Мо аз ҳамшарики аврупоиамон  талаб дорем, ки дар мубориза алайҳи қадамҳои зарарноки Эрон ҳамсафи мо бошанд. Сохтори Эрон ба тамоюлҳои Ғарб мувофиқат намекунад. На ИМА ва на Аврупо намехоҳад ки  дар бағалаш боз як  Куреяи Шимолӣ пайдо шавад”- гуфт Тиллерсон.

Ҳамзамон  Тиллерсон дар нутқаш  ваъда дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи таҳдидҳои Русия  амнияти Аврупоро таъмин хоҳад кард. Вай сиёсати  пешгирифтаи  Русияро дар Украина танқид намуда, “ Мо ва дӯстони аврупоии мо вақтҳои охир хатарҳои Русияро эҳсос мекунем. Аз ин лиҳоз, ИМА дар Аврупо мудофиа ва огаҳиро тақвият мебахшад”,- гӯён изофа кард.

Аз тарафи дигар Тиллерсон  бо вуҷуди ихтилофи зиёд, маълум кард, ки  Амрико дар аксари соҳаҳо дар Сурия ҳаммароми Русия хоҳад буд. Хоссатан дар мубориза зидди  террор ( Ислом) фоидаҳои умумиро мебинад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт