Раисҷумҳури Қирғизистон бо раҳбари  Қазоқистон  мулоқот кард

Раисҷумҳури Қирғизистон бо раҳбари  Қазоқистон  мулоқот кард

Президенти  Қирғизистон  Сооронбой Ҷеенбеков бо раҳбари ҷумҳурии  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вохӯрд.  Онҳо дар шаҳри Минск, дар саммити СПАД мулоқот оростанд.

Мувофиқи ахбори сомонаи 24.kg раҳбарон  истиқболи алоқаҳои дуҷониба, масоили  марбут   ба вазъи  марзу бумро мавриди баррасӣ қарор доданд.  Аз ҷумла президенти Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев ба ҳолати кунунии сарҳади  байни  ду кишвар  равшанӣ андохат чунин афзуд: — “ Мо якҷоя ба чунин қарор   омадем: як харитаи  роҳӣ мавҷуд аст, ки ҳукуматҳоямон  дар гузашта  тартиб дода буд, инак  онро бори дигар дида мебароем. Гурӯҳи кории ду давлат ин масъаларо ҳаллу фасл намуда ба  имзо мерасонанд”.

Чунончӣ вай қайд  намуд, ки  дар марзи байни  Қазоқистон ва  Қирғизистон   дидгоҳҳо насб шуда, намояндагони ИИА   мубодилаи амволро  назорат мекунанд.  Айнан   ҳамингуна тафтишот дар сарҳад бо Хитой  низ  ба роҳ монда мешавад. Ба андешаи  Нурсултон  Назарбоев айнан худи  вай раҳбари кишвари ҳамсояро, яъне Сооронбой Ҷеенбековро  ба кишвараш таклиф кардааст.

“ Мо доир ба  масъалаҳои  мавҷуда гуфтугӯ кардем ва  ба як  қарор иттифоқ намудем. Ҳукумати  ду давлат дар мобайни  моҳи декабр бояд нусхаи ниҳоии харитаи  роҳро тарҳрезӣ кунанд.  Онгоҳ мушкилоти  зиёде  бартараф хоҳад шуд.  Ҳанӯз қабл аз  имзо шудани  харитаи роҳ, сарҳадҳо кушода мешавад. Тамоми вазоиф ва масоили  доир ба  ҳамкориҳои дуҷониба, дар мӯҳлати муайяншуда ҳаллу  фасл меёбад”, — гӯён таъкид кард Сооронбой Ҷеенбеков дар навбати худ.

 Туркистон:

Хотиррасон мекунем соли 2013 сохтори Каримов,  роҳи  газро , ки аз Ӯзбекистон ба ҷануби Қирғизистон меомад, батамом баст. ( Яъне бар зарари  ҳамсоя ба дигаре хизмати хирсона кард). Дар паёмади он соли 2014 Русия манобеи гази Қирғизистонро комилан ба нархи 1 доллар харида гирифта ба ширкати “ Газпром”-и  худ изофа намуд. Магар имрӯз Қазоқистон низ мехоҳад гуна хизмати сохтори Каримовро такрор кунад?! Аниқтараш  дидгоҳи марзии Қирғизистонро бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Хитой  тавассути иттиҳоди  АвруОсиё ба Русҳо гирифта диҳад ?!

Собиқ президенти Қирғизистон Атамбоев, бо ҳадафи  ташкил додан як гурӯҳи нав аз ҷонибдоронаш, барои пайдо намудани  шароити доимӣ, ки ба онон  таъсири худро расонида  тавонад ва  ҳамин тариқ ба хотири  дар дасти  хеш нигоҳ доштани зимоми салтанат, манфиатҳои бузурги мамлакати Қирғизистонро ба Русия ва  ба мамлакатҳои дигар дода фиристод. Акнун бошад  неруҳои хориҷӣ тавассути Ҷеенбеков ба фоидаҳои боқимондаи  Қирғизистон  бо назари  тамаъ чашм медӯзанд.

Чунки ҳоло ҳанӯз Ҷеенбеков командаи худро надорад. Инак, тавре ки Атамбоев дар гузашта ба ҳукумати муваққатӣ такя  мекард, вай низ маҷбур аст ба нухбаи атамбоевчиҳо такя намояд. Лекин ин ҳолат бо баробари  фарорасии  соли нав дигаргун хоҳад шуд.  Ҳамзамон бо соҳибэътибор шудани сарқонуни нав, президент  ва нахуствазир ба  ду  дастгоҳи идоракунанда мубаддал меёбанд. Аз ин мебарояд, неруҳои хориҷӣ аз заифии Ҷеенбеков  ва ниёзмандии  вай ба гурӯҳи идоракунанд  истифода бурда, ба  вай гӯё “ дасти ёрӣ” дароз карданианд. Ба таври дигар гӯем, бо пуштибонӣ намудани  Ҷеенбеков  ваъда медиҳанд  таъсири ӯро дар ҳокимият рӯзафзун созанд ва ҳамин тариқ ба  таҷовузи фоидаҳои боқимондаи мамлакат шурӯъ  намоянд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт