Ҷээнбеков давлатҳои муттаҳиди  Қирғизистонро номбар кард

Ҷээнбеков давлатҳои муттаҳиди  Қирғизистонро номбар кард

 Раисҷумҳурии тозантихоби  Қирғизистон  Сооронбай Ҷеенбеков ба агентии  ТАСС гузориш дода муттаҳидони асосии мамлакатро ба забон овард.

Тавъам  ӯ  дар хусуси вазъи таасуфангези олам сухан гуфт. Ва сабабгори асосии муташанниҷиро ,  ҳамчун бӯҳрони иқтисодӣ, терроризми байналмилалӣ ва тавсеа ёфтани  таасубгароии  динӣ арзёбӣ намуд.  Ҷеенбеков афзуд: — “ Мо  дар пешгирии ин мушкилот ҷидду ҷаҳд мекунем. Қирғизистон  дар чаҳорчӯбаи  ташкилотҳои  ИДМ, СПАД, ИИАО ҳамкориҳоро тақвият мебахшад”.

“ Агар ошкоро гуфтанӣ бошем, Қирғизистон бо Русия алоқаҳояшро боз ҳам мустаҳкам мекунад, чун федератсияи Русия муттаҳиди  асосии  стратегии мо ҳаст.  Хитой ҳамчунин ҳамчун ҳамкори муҳими стратегӣ ва савдо-иқтисодӣ хоҳад монд”.

 “ Ба андешаи ман  Қирғизистон  бояд  бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамсоягии беҳтаринро  ба  роҳ монда алоқаҳои байниҳамдигариро тавсеа бахшад. Бар замми ин    мо бо ҳамшарикони  аврупоиамон низ алоқаҳоро тақвият мебахшем”.

Туркистон:

Феълан раҳбари тозаинтихоби  Қирғизистон Сооронбек Ҷеенбеков байни  якчанд неруҳо дар аҳволи бениҳоят мушкил қарор дорад. Собиқ президент Роза Ӯтунбоева зимни  гузориш бо хабарнигори радиои “ Азаттиқ” ибрози андеша намуда гуфт “ ман ҳаргиз намехоҳам дар  ҷои вай бошам”. Воқеан авзоъ таасуфовар  аст.

 Дар атрофи  Ҷеенбеков ҳолоАтамбоев, гурӯҳи идоракунанда, хешу ақрабо ва  вакилони нухбаи  сиёсӣ низ  арзи ҳастӣ доранд, ки ҳоло ҳанӯз ба ҳукумати Қирғизистон метавонад   таъсири худро расонанд.

Ҳар кадоме мехоҳанд рақобат кунанд . Пас, барои Ҷеенбеков зарур аст яке аз ин неруҳоро  интихоб кунад. Агар вай якеро қабул кунад, бешубҳа  алоқаи  байни  ӯ ва  неруҳои  дигар  халалдор мешавад. Дар сиёсати хориҷӣ бошад аҳволи мамлакат ва аз ҷумла мавқеъи Ҷеенбеков таасуфовар аст.

Отунбоева “ Ҷеенбеков  популисти сиёсӣ нест” гуфт. Вале гуфтаҳои болои Ҷеенбеков айнан изҳороти сиёсии популистӣ мебошад ва  яке  аз  хабарҳои лағвона мебошад, ки вай пеш аз ин ҳам  баромад карда буд. Президентҳои  пештара низ чунин рафтор карданд,  ҳамин ки “тоқӣ танг омад”, зуд муаммои  сарзадаро бар дӯши Ислом  ва  мусулмонҳо бор мекарданд, аҳволи раҳбари кунунӣ низ аз гузаштаҳо  тафовуте  надорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт