Шоҳзодаҳоро  “Блэкуотер” пурсуҷӯ мекунад

Шоҳзодаҳоро  “Блэкуотерпурсуҷӯ мекунад

Чанде қабл шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни  Салмон дар Арабистони  Саудӣ зимоми идораро ба даст гирифт. Вай  бо баҳонаи мубориза зидди ришвагароӣ садҳо масъулини олирутбаро, аз ҷумла шоҳзодаву  вазиронро боздошт ва ҳабс намуд ва  онҳо мавриди шадиди латукӯб қарор ёфтанд. Тибқи хабари махсуси рӯзномаи “Daily Mail” , алҳол меҳмонхонаи  Ритз Карлтон  ба маҳбасхонаи  марказии Риёз мубаддал ёфта, феълан онҳоро  боли тозаи “ Академӣ”-и  ташкилоти бехатарии   “ Блэкуотер” , пурсуҷӯ дорад.

Ёдовар мешавем  “Блэкуотер” ташкилот махфии ИМА мебошад. Вай дар Афғонистон ва  Ироқ чандин сӯйиқасд ва қотилиҳо барин амалиётҳои махсусии махфӣ ва боз садҳо аъмоли қабеҳонаро анҷом додааст.

Дар  хабари рӯзнома омадааст:-“ Онҳоро латукӯб, таҳқир намуда шиканҷаҳои шадид раво медонанд. Мехоҳанд батамом  “ бишкананд”, “ Дар ҷараёни аксари корҳои тафтишотӣ шахсан худи шоҳзодаи  валиаҳд иштирок  дорад. Агар сухан дар бораи чизҳои бузург рафт, саволро худи шоҳзода медиҳад ва бо забони ширину гуворо муомила мекунад. Баъди баромада рафтани  вай кормандони  бехатарӣ  азоб медиҳанд”.

Чунончӣ гуфта мешавад, ки  зимни пурсуҷӯ маҳбусонро пой баста ба шифти хона кашол мекунанд, латукӯб  менамоянд ва   азоби шадиди гирифтор месозанд. Ногуфта намонад, ки байни ин ҷабрдидагон шоҳзода ал-Валид ибни Талал низ арзӣ ҳастӣ дорад, ки  номи  вай аз рӯйхати 50  сарватмандтарин ашхоси рӯйи замин ҷой гирифта, сарваташ баробари 16 миллиард доллар мебошад.

Мувофиқ хабари расида, аз якояки ашхоси ҳабсгардида аз ҷониби шоҳзода ибни Салмон то ба имрӯз қариб  амлоки ба миқдори  194 миллиард доллар ва ҳисоби бонкӣ мусодира шудааст. Чанде қабл пешниҳод шуда  буд, ки маҳбусон боигариашонро супурда ба озодӣ бароянд. Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон ба “The New York Times” гузориш дода  буд. Ба қавли ӯ  аксарият шоҳзода ва  миллиардерҳо  розӣ ҳастанд қисме аз маблағҳоро  супурда  озод шаванд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт