Сафари вопасини Атамбоев ҳамчун президенти  кишвари Қирғизистон

Сафари вопасини Атамбоев ҳамчун президенти  кишвари Қирғизистон

 Раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ташрифи охирини  худро ҳамчун раҳбари давлатӣ ба Русия анҷом дод. Вай дар ФР , дар  ифтитиҳои ҷашнвораи форуми  фарҳанги байналмилалӣ дар Санкт- Петербург  ширкат меварзад, хабар медиҳад РИА “ Новости”.

Гуфта мешавад, ки Атамбоев бино бар  таклифи президент Владимир Путин аз Русия боздид менамояд. Президенти  Қирғизистон  дар  давоми ташрифи худ дар  чорабинии ифтитоҳии форум иштирок  ва баъдан  бо президент Путин мулоқот  хоҳад кард.

Ин сафари охирини  Атамбоев дар ҳайси  президентӣ хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 ноябри соли  ҷорӣ  маросими қасамёди   раҳбари тозаинтихоби мамлакат Сооронбай Ҷеенбеков баргузор мегардад.

Туркистон:

 Атамбаев, дар иҷлосияи шӯрои миллӣ нуқт эрод намуда, чунон изҳорот дод, ки гӯё ба нухбаи тозаинтихоб барномаи кории даҳсоларо пешниҳод карда бошад. Ҳангоме ки  президенти  Қазоқистонро ба забон овард,  вай   таъкид кард, ки “ ман назди нафаре сар хам намекунам, шумо низ ҳаргиз сар фуруд наёваред”.  Ҳамин тариқ  ба ҳокимияти нав бо оҳанги фармоишӣ панд доданӣ шуд. Тавъам,  вай   таъкид кард, ки Қирғизистон аз узвияти  иттиҳоди  Авру Осиё асло намебарояд.

Гарчи Атамбоев аз  сари қудрат меравад,  аздусар мехоҳад зимоми ҳокимиятро дар даст боқӣ  гузорад. Барои ин чиз пуштибонии Русия хеле муҳим аст. Назарбоев бошад баръакс ният дорад бо баробари барканор шудани Атамбоев, таъсири  вай ба  нухбаи Қирғиз маҳв гардад. Аз ин ҷост, ки Атамбоев ба назди Путин  ба хотири  фоидаи  хеш рафт, яъне дар сари ҳадаф ягон манфиати муҳими Қирғизистонро ба Русия ҳадя карданист !

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт