Боздошти боз  9 тан  муҳоҷир дар Истанбул

Боздошти боз  9 тан  муҳоҷир дар Истанбул

Шӯъбаи Анти-террори  Сарраёсати пулиси  Истанбул  ними шабона дар ноҳияҳои Зайтунбурнӣ, Тузла, Умрания, Байрампаша, Башакшаҳар ва Эсенюрт амалиёти мубориза  алайҳи “ террор”-ро ҷорӣ  намуд. Зимни  амалиёт,  9 нафар муҳоҷирин, ки аз  Туркия паноҳгоҳ ёфта  буд, дастгир карда шуд. Аз байни онон 5 касашон кӯдакони ноболиғ мебошанд ! Боздоштшудагон аъзои ҷамъияти Туркистон- Дер мебошанд.

Ашхоси дастгиршуда бидуни тафтишот,  бо  мақсади ихроҷ аз кишвар  фавран ба шӯъбаи муҳоҷирати идораи бехатарии Туркия  интиқол шуданд. Байни  маҳбусон Дилафруз Шамсиддинова   низ арзӣ  ҳастӣ дорад, ки соли гузашта ҳабс гардида дар шӯъбаи муҳоҷират таваллуд карда буд. Ӯро бо ҳамин  сабаб барои  озодӣ рухсат дода буданд. Инак, вай  бори дуввум аст, ки бо 3 фарзанди кӯчаки худ ҳадафи амалиёти  ғайриадолатонаи ҳукумати Туркия қарор ёфтааст.

Раҳбари ҷамъияти Туркистон- Дер  Бурҳон Қовунчӣ  маълум  кард, ки афроди боздоштшуда ба ДОИШ  аз ягон ҷиҳат  алоқамандӣ надоранд. Ба андешаи вай  ин амалиётҳо нисбати муҳоҷирини  беайб зулми шадид аст аз ҷониби  давлати феълӣ.

Қовунчӣ афзуд:-“ Кормандони мақомот  ин муҳоҷиринро боздошт  намудаанд  ва онҳо  хуб медонанд,  ки  ягон нафари онон ҳеҷ алоқамандие ба ДОИШ надоранд. Дар ҳолате ки ягон корҳои тафтишотӣ анҷом дода нашуд, эшонро ба маъмурияти муҳоҷират супурданд”.

 “Якояки онон  бо иттиҳоми  “ Гумонбаршуда ба ифротгароӣ” арзёбӣ шудаанд. Ин аъмол ҳамчун шиканҷаи Туркия алайҳи Туркистониҳо дар таърих нигошта  хоҳад шуд”.

 Пӯшида нест, ки  Хитой ва  Русия   ба лоиҳаи  “  мубориза алайҳи ифротгарон”  созиш карда буданд. Аз ин   мебарояд амалиётҳои  боло бино бар шартномаи  номбурда роҳандозӣ шудааст.  Ва бар асоси  созиш шӯъбаи муҳоҷират,  муҳоҷирони аз Туркистони Шарқӣ, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон омадаро , ки расман манзили истиқоматӣ доранд, аввал  боздошт сониян  ба ватанашон  ихроҷ менамоянд.

Аммо   авзоъи  пешвозгирӣ ва  муомила дар кишварашон аз ягон кас махфӣ нест, ҳама медонанд.  Дақиқан дар Хитой ва Русия  Мусулмонони ихлосмандро, ки  дорои эҳсосоти исломӣ мебошанд, ҳамчун ифтротгар медонанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт