Ҳукумати Хитой дар мубориза алайҳи Ислом ва мусулмонҳо даст ба поҷома ва  ороиши муй зад

Ҳукумати Хитой дар мубориза алайҳи Ислом ва мусулмонҳо даст ба поҷома ва  ороиши муй зад

 Расмиёни  ноҳияи  худмухтори Шинҷон- и  Уйғуристон бо мақсади муайян кардани мусулмонони ифротӣ аз  рӯйхати аломатҳои  густурдаи таасубгароӣ истифода бурданд. Ин хабарро радиои   Radio Free Asia пахш намуд.

Ҳар афроде , ки  ҳангоми адои  намоз дасташро  ба рӯи  сина мениҳад ва ё дасташро бо ҳино  оро диҳад, бар замми ин   агар дар хонавода миқдори зиёди захираи озуқаворӣ бошад,  ҳар  афроди намозгузори берун  аз масҷид,   агар соатро  ба дасти рост бандад, почаи шим аз буҷулак боло бошад, гарчи мард бошад  ҳам муйро дароз сабзонад ва аломатҳои монанди  ҳамин мушоҳида  шавад, ҳатман боздошт мешавад. Чанде қабл дар ин рӯйхат  75 аломат қайд гардида буд, алъон бошад теъдоди он  сершумор аст.

Котиби партияи коммунистии Хитой  дар  шӯъбаи мавзеъи Хӯтан маълум  мекунад:-“ Воқеан чунин  ашхос  дар  ин ҷо ташкилот доранд, онҳо якдигарро аз муйи сари рангуборкардаашон мешиносанд. Вагарна онҳо  ингуна  корҳоро  намекарданд”.

Як  корманди  партияи дигар афзуд:-“ Агар шахс  бо вакили партия салому алек накунад  ва ё ин ки машруботи спиртӣ нанӯшад, пас ин аломати таасубгароии динӣ  мебошад”.

 Туркистон:

 Ин     яке  аз ҷароҳати дардноки Уммати исломӣ аст. Бо вуҷуди  он  ки ҳукумати Хитой алайҳи  бародарони  уйғурзабонамон  дар Туркистони Шарқӣ  рӯйкарди  зӯроварона  роҳандозӣ кардааст,  аммо мутаасифона  тамоми  аҳли  олам , балки миллионҳо мусулмонҳо дидаву дониста, ягон чора намеандешанд. Сабаб чӣ бошад?!

Дақиқан , сабаб мо соҳиб надорем,  як давлати  муштарак надорем. Сабаб дар  парокандагии  мо,  ки  дар чаҳор гӯшаи  олам парешон ҳастем. Мо як давлати  абарқудрати худамонро аз даст бой додем. Як  давлати рошидаи  Хилофат, як давлати соф  Исломӣ метавонад  моро  гирд оварад, муттаҳид созад .

Ҳол он  ки  бар дӯши  якояки мусулмонон барпосозии ингуна давлат вазифаи бандагист. Бароямон фарз аст баҳри эҳёи як давлати Хилофат бар асоси  манҳаҷи  паёмбарӣ кӯшиш ба харҷ барем.  Бароямон  фарз аст  як имом-халифа интихоб кунем. Зеро имом сипар аст, ки  метавонад дифоъ аз  Уммати исломӣ  кунад.

Дар саҳеҳи Бухорӣ Абӣ Ҳурайра разиаллоҳу анҳу аз Паёмбари гиромӣ   саллоҳу алайҳи васаллам ривоят мекунад:

 “Халифа сипар аст, аз  қафои ӯ истода  ҷанг  ва  бо ӯ  ҳимоя карда мешавад”.

Бародарони гиромӣ ,  агар давлати  Хилофат барпо шавад, ягон истеъморгар ҷуръат намекунад ба мусулмонони Хитой  ва  мамлакатҳои дигар озор диҳад, чунки  истеъморгарон аз оқибати кирдорашон ба  хубӣ бархурдор ҳастанд, қудрати Худованд беканор аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт