Шоҳзодаи Саудӣ кушта шуд

Шоҳзодаи Саудӣ кушта шуд

Шоҳзода Абдулазиз — писари    кенҷаи собиқ Подшоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд  ибни Абдулазиз,  зимни  ҳодисаҳои  охири  рӯйдода  дар  Саудия,  ба ҳалокат расид.  Номи  ин шоҳзода низ  байни  ахшоси  боздоштшуда ки  бо иттиҳоми  ришвахӯрӣ ҳабс шуда буданд ,  ҷой гирифта  буд. Аз рӯи иттилои  аксари расонаҳо  Шоҳзода Абдулазиз ибни Фаҳд дар меҳмонхонаи Ритз-Карлтони  воқеъ дар шаҳри Риёз аз сабаби сактаи  дил ҷон бохтааст. Вале бино бар  маълумоти дигар ӯ дар аснои тирпарронӣ, ки аз ҷониби кормандони  полис ҳангоми амалиёти боздошткунӣ роҳандозӣ шудааст, ба ҳалокат расидааст. Вале   ба туфайли аксари андешаҳои Абдулазиз,  ки дар торнамоҳои иҷтимоӣ пахш кардааст, ба марги мармузи ӯ шубҳаҳо пайдо  шуд.   Чунки дар торнамоҳои иҷтимоӣ вай шиканҷаҳои яҳудиҳоро бар аҳли  фаластин сахт танқид карда, паиҳам мусулмонҳоро  барои наҷоти Масҷиди  Ақсо даъват намудааст. Маълум гардид, ки шоҳзода Абдулазиз ибни Фаҳд дар саҳифаи твиттери худ  ба муслимини ҷаҳон  нидо карда онҳоро ба ваҳдат бо мусулмонони Масҷиди  Ақсо фаро хондааст. Ва -“ Бародарони  мо дар Масҷиди Ақсои  Муборак ба дастгирӣ ва кӯмаки моён ниёз доранд, барои якояки муслимини  олам   воҷиб  аст ба қадри тавон барои мададрасонӣ  бишитобад”- навишта буд ӯ.  Боз як твити дигари шоҳзода  чунин аст: “  Ай уммати Муҳаммад ! Шумо  ба  онҳо кӣ будани  худро  нишон диҳед ! Беэътиноӣ ба Масҷиди  Ақсо ин хориву залулӣ аст, барои ин  чиз Худованд  моро  мепурсад,  ҳисоб мекунад”.

Дар твити  навбатии  Шоҳзода Абдулазиз  ҷумлаҳои  зерин нигошта шудаанд:-“ Ай  Уммати  Муҳаммад! Масҷиди саввуми моро яҳудиён ,  ғасбгарони ҷиноятпеша зери по карданд. Наход байнамон як инсони Рошид набошад? Биёед, рафта  алайҳи онон биҷангем. Дар ин роҳ муваффақ шуда масҷидро наҷот медиҳем, ё ин  ки ба мағфирати Офаридгорамон мушарраф мегардем”.

Мувофиқи хабарҳо барои ин навиштаҷоташ Шоҳзода  зери фишори шадид қарор ёфт ва аз ӯ иҷборан дархостанд  то ки онҳоро  ҳазф намояд. Онгоҳ вай чунин нигошт:-“ Навиштаҳо маро мехоҳанд кӯр созанд.  Суханони ман  ба  Аллоҳ ва Расули Ӯ ҳанӯз  нарасида  ҳазф карданашон  бароям бадтар аз марг аст”- гӯён ӯ аз пок кардани  хитобҳояш саркашӣ карда буд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт