Шавкат Мирзиёев  давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ  фаро хонд

Шавкат Мирзиёев  давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ  фаро хонд

 Рӯзи 10 ноябри  соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бар сарварии СММ конфронси байналмилалӣ  таҳти номи “Осиёи Марказӣ: таърих ва ояндаи ягона, рушди барқарор ва ҳамкорӣ баҳри фаровонии  байниякдигарӣ”  кор  худро сар кард. Дар  чорабинӣ  раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  нутқ эрод карда  дар хусуси роҳи  босамари пешгирии  савдои  маводи мухаддир, моҷароҷӯӣ, даҳшатандозӣ ва  ҷинояткорӣ  дар Осиёи Марказӣ таваққуф намуд. Ба  андешаи вай дар мубориза алайҳи ин иллатҳо мубодилаи  ахбори мураттаб байни мамлакатҳо нақши  беандоза дорад. Ин хабарро  Kun.uz пахш намуд.

Шавкат Мирзиёев афзуд: -“  Ба  андешаи мо  таҳдиду хатари мавҷударо  ба “ худӣ ва бегона” ҷудо кардан роиҷ нест, ингуна  ғояро якояки  мо аз лавҳи зеҳнамон дур  андозем. Масъалаи бехатарӣ бояд  бино  бар барномаи СММ ҳаллу фасл гардад.  Амну осоиши минтақа   асосан ба  авзоъи Афғонистон  вобаста аст. Аз ин рӯ ман такроран  мегӯям, минбаъд Ӯзбекистон дар ҳар ҷабҳа бо  ҳамсоягонаш ҳамкорӣ хоҳад кард”.

Ҳамзамон Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки масъалаи  таъмини амн  дар минтақа масъалаи устувортарин  ба шумор  меравад. Дар ин  роҳ муштаракан бояд зидди ғояҳои таасубгароӣ мубориза бурд ва ҷавононро аз оқибати гаравидан  ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳушдор намуд.

“ Аз рӯйи тарқиби  аҳолӣ Осиёи Марказӣ ҷавонтарин минтақа ба шумор меравад.  Қариб  60 дарсади аҳолии умумиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ин  нишондод баландтар аз омор аст”- изофа  намуд ӯ. “ Ваҳдати мо, ҳаракатҳои  муштараки  мо дар пешгирии гаравидан  ҷавонон  ба  фирқаҳои  хатарнок иқдоми беҳтарин хоҳад шуд. Ҳамин тариқ мо ашхоси  гумроҳро ба ҳаёти  нормалӣ  бозмегардонем”-  гуфт президенти  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт