Шоҳзодаи валиаҳд:  Мо  дар Саудия  таасубгароиро барҳам медиҳем!

Шоҳзодаи валиаҳд:  Мо  дар Саудия  таасубгароиро барҳам медиҳем!

 Ба қавли Шоҳзодаи Валиаҳди  Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ҳукумати Саудия афкори таасубгароии исломӣ барҳам дода тавре ки соли 1979 мавҷуд буд, ба “ Исломи мӯътадил” бармегардад. Салмон дар форуми “ Ояндаи сармоядорӣ” дар Риёд нутқ эрод намуд ва  суханони  болоро ба забон  овард. Дар форум 2500 кас  аз 60 мамлакат ширкат варзиданд.

Аз Салмон сабабҳои табадуллоти  солҳои охирро  пурсон шуданд, хоссатан  дар хусуси иҷозати рондани мошинро ба занҳо шарҳ хостанд. Вай гуфт:-“ Авзои  Саудия қабл аз соли 1979  чунин набуд. Бо баъзе сабабҳо  баъди  соли 1979 дар Арабистони  Саудӣ ва дар саросари минтақа  лоиҳаи бедоршавӣ тавсеа ёфт”.  Ба андешаи Салмон ақоиди   ба қавли вай зарарнок аз оғози  солҳои 1979 дар чаҳорчӯбаи “ эҳёи динӣ” ба Арабистони  Саудӣ ҳазида даромад.

Салмон аз ояндаи ҷавонони араб изҳори нигаронӣ намуда маълум  кард, ки  70  дарсади  ҷавонони Арабистони Саудӣ  аҳолии то синни  30-ро ташкил мекунад ва набояд онҳо 30 соли   боқимондаи  умрашонро бо ғояҳои ифротгароӣ машғул бошанд. Яъне ҳамин тариқ умри худро  беҳуда нагузаронанд. Саудия солҳои охир гомҳои аниқ ниҳод ва дар  ояндаи наздик таасубгароиро куллан маҳв месозад.

Шоҳзода гуфт:-“ Дини  мо дини мубин  аст, дар  он барои урфу  одат ва анъанаҳоямон фароҳӣ дода шудааст , мо мехоҳем  динро ба  ҳаёт татбиқ карда умргузаронӣ кунем. Мо бояд  ҳаммароми дунё бошем ва ба рушди  кишварамон ва  тараққиёти ҷаҳон саҳми арзанда гузорем”.  “ Мо тавре  ки дар таърих буд,  меҳоҳем ба Исломи мӯътадил баргардем, зеро  Исломи мӯътадил ба тамоми анънаҳо, халқҳо ва динҳо мутобиқат мекунад”.

Чанде қабл дар Арабистони Саудӣ якчанд  аҳдномаҳо қабул шуд, бори нахуст тавассути шабакаи  давлатии телевизионии маданият як барномаи мусиқӣ намоиш доданд.

Туркистон:

Олами куффор бо мақсади  дур андохтани муслимин  аз Исломи ҳақиқӣ бо истилоҳҳои “ Исломи моҷароҷӯ”, “ Исломи таасубгар”, “ Исломи мӯътадил” ва “ Исломи анънавӣ” мехоҳад  дин мубини Исломро ба шакли дилхоҳ андозанд.

Худи Ислом комил аст,  ба иловаву ислоҳ ниёзманд нест. Ягон суолу муаммое нест, ки ҳалли он дар  Шариат набошад. Ислом дорои низоми сиёсӣ мебошад ва  метавонад бо он масъалаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро муолиҷа намояд. Ислом мумтозтарин низоми ҷаҳон аст. Вале ҷонибдорони   қоидаҳои  секулёрии тобеъи Ғарб мехоҳанд  Исломи воқеиро аз ҳаёт дур андохта , ба “ Исломи нимкола” муббадал созанд. Дарди асосии Ғарб  аз шуури мусулмонҳо зудуда сохтани  фикрати ҳақ аст.   Уммат  ҷонибдори  идоракунии Исломӣ  мебошанд,  айнан аз ҳамин чиз душманони Худо сахт меҳаросанд. Ҳамин тариқ мекӯшанд Исломро бо фарҳанги Ғарб, бо пиндори ғарбона ва тарзи зисту зиндагони  Ғарб омехта намоянд. Аниқтараш  бо ақидаи демократӣ мехоҳад зеҳни мусулмонҳоро шодоб кунанд.

   Дақиқан дар асл ягон “ таасубгароии Исломӣ”, “ Исломи моҷароҷӯ”, “ Исломи мӯътадил” ва ё “  Исломи анънавӣ” арзи вуҷуд надорад.

Танҳо Исломе софу мукаммале мавҷуд аст, ки Офаридгори оламин барои  башарият нозил карда, вассалом !

 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт