ИМА  дар Афғонистон  амалиёти нав сар кард

ИМА  дар Афғонистон  амалиёти нав сар кард

 Тиқби  иттилои  сарраёсати Таҷассусии Марказӣ (ЦРУ) дар Афғонистон баҳри ҷараёни нав қадами нахустин ниҳода  шуд. Яъне амалиёти тоза оғоз шуд, ки аъзои Толибонро  ба нишон мегирад. Ин хабарро расонаҳои ИМА пахш намуд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки  президент Доналд Трамп барои хотима  гузоштан ба ҷанги 16 сола ба  СТМ “ ваколати пурра” додааст. Ситоди  тобеъи СТМ дар саросари мамлакат амалиёти густурда,  яъне “ Шикор кун ва бикуш”-ро  роҳандозӣ мекунад.

Раҳбари СТМ Майк Помпео ҳафтаи гузашта изҳорот дода ибрози андеша кард. Ба қавли  вай пеш аз ҳама бояд  ҳукумати Қобул Толибонро гирди мизи мудаввар ҷалб созад. Вале барои ин кор аввало ҳатман онро ( яъне Толибонро)  дар майдони ҷанг заъиф кардан зарур аст. Мавзеъгирии Майк Помпеон қисми таркибӣ ҳатто муҳимтарини сиёсатии асосии  пешгирифтаи президенти ИМА Доналд Трамп ба шумор меравад, ки  вай рӯзи  21 августи соли равон ба мардуми Амрико эълон намуд.

“Президент (Трамп) инро ба таври возеҳу равшан  гуфта гузашт. Мо ба тамоми имкониятҳо даст мезанем то ин ки  барои овардани Толибон гирди мизи гуфтушунид муваффақ гардем”- гуфт  Помпео зимни нутқаш дар маркази таҳлилӣ.

Аз рӯи хабари  пахшкардаи рӯзномаи Нью-Йорк Таймс , СТМ ба Афғонистон  масъулини  соҳибтаҷриба ва аскарони кироя  фиристод. Тибқи иттилои васоити ахбори оммаи Амрико гурӯҳи номбурда дар ҳамкорӣ бо расмиёни  афғон кор мебаранд. Гурӯҳи СТМ ба артиши расмии Амрико  намегаравад. Тобистони гузашта хабарҳои пурсадусадо паҳн шуда, ки ИМА дар масъалаи Афғонистон нақшаи тоза тарҳрезӣ намудааст ва ояндаи наздик ба  он  сарзамин артиши худро мефиристад.

Дар ин  хусус рӯзи  16 август Ҳизби Таҳрир посух дода маълум кард, ки Амрико на бо мақсади тақвият бахшидани ҷангу ҷидол ба Афғонистон  артиши   иловагӣ намефиристад, балки  мақсад дигар аст.

Мабодо агар фиристад ҳам ин амалро  бо ҳадафи  ҳарб неву балки бо мақсади ҷалб кардани Толибон ва ҳукумати Афғон гирди  мизи музокирот,  роҳандозӣ мекунад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт