Атамбоев: Барои халқи қирғиз ору номус аз ҳаёт гиромитар аст

Атамбоев: Барои халқи қирғиз ору номус аз ҳаёт гиромитар аст

 Президент Алмазбек Атамбоев ба кормандони  мақомоти қудратии ноҳияи Бодканд калиди зистгоҳҳои навро супорид. Вай он ҷо нутқ эрод карда   ба ҳодисаҳои марзи байни Қирғизистон ва Қазоқистон  равшанӣ андохт. Ин хабарро нашри Спутники Қирғизистон пахш кард.

Тибқи хабарҳо, феълан Атамбоев бо аҳолии    ин кишвар вохӯриҳои охиринро анҷом дода истодааст. Вай гуфт:-“ Ман тайи се рӯз  дар ҳудуди қирғиз-қазоқ бесарусомониро мушоҳида мекунам, ки  ин ҳолат бархилофи созиш ва нормаҳои ИИА мебошад”.

Сипас, вай хотиррасон намуд, ки халқи қирғиз  таърихи қариб се ҳазорсола дорад.

“ Ба андешаи ман- гуфт ӯ- халқе ки  дорои  таърихи сеҳазорсола мебошад, аз муҳосираи серӯза наметарсад. Барои халқи мо ору номус назар ба ҳаёт азизтар аст. Мо ҳаргуна рӯзҳои сахтро  аз сар гузаронидем. Соли 2010 моро якуним моҳ андаруни муҳосира қарор доданд.  Мо тайи чандин замон шоҳиди  машаққатҳо шудем, аз сарамон рӯзҳои вазнин сипарӣ шуд ва мутмаъинам ки ин қонунвайронкунии имрӯзаро низ паси сар хоҳем кард. Мо  дар ҳар ҳолат  дифоъ аз истиқлолиятамон мекунем”.

Чунончӣ Атамбоев қайд намуд, ки давлатҳои ҳамосоя бояд орому осоишта умргузаронӣ кунанд.

“ Агар ту хонаи ҳамсояро оташ заданӣ бошӣ, фаромуш накун, ки  мумкин  аст  шамол самтро тағйир дода хонаи худатро сӯзонад. Дар Қазоқистон гуруснагии шадид ба миён омада буд, онгоҳ халқи мо охирин пораи нонашро ба онҳо раво дид. Айнан ба туфайли халқи мо онҳо амон монданд”.

Вай бори дигар таъкид намуд, ки халқи қирғизу қазоқ  пайванди ҳамдигаранд. Дар раги қирғиз хуни қазоқ, дар раги қазоқ хуни қирғиз ҷорӣ аст. Модарбузургаш аз Қазоқистон аст, келинаш ҳам қазоқдухтар будааст.

Атамбоев чунин илова кард:-“ Хон, султон ва президентҳо ҳаргиз байни ду халқи бародар  тухми адоват кошта наметавонанд. Халқи қирғиз ҳеҷ гоҳ пеши нафаре сар хам намекунад, ба зону намешинад”.

Зимни суханронӣ Атамбоев дар хусуси салоҳияти артиши Қирғизистон сухан ронд ва исрор намуд, ки ин қувват метавонад вақти зурурӣ зарба оварад. Феълан на ҷангҳои мусаллаҳона , балки ҷангҳои  молӣ ва иттилоотӣ ҷорӣ аст. Истиқлол  бояд  на танҳо бо артиш, балки  бо донишмандӣ муҳофизат карда шавад.

 Туркистон:

Алмазбек Атамбоев зимни суханрониаш дар маросими супоридани ҷоизаҳо нутқ эрод карда гуфт:-“ Як ду моҳ монд, агар ҳамсоягонамон, раҳбарони давлатҳои ҳаммарз ба худ наоянд, чашмонашон кушода нашавад, ман бо онҳо ба тарзи дигар гапзанон мекунам”.

Атамбоев аз дидори Назарбоев канораҷӯӣ карда ба саммит нарафт. Чанде қабл бо Эрдуғон низ айнан бо ҳамин тарз алоқаашро канда буд. Дар гузашта  ба номи  ИМА чандин алфози ноҷӯяи сиёсӣ ба забон оварду  барои рафтани саммити СММ чуръат пайдо накард. Гӯё саломатиаш бад шуд ва  аз нимароҳ ба ватан баргашт. Акнун бошад бо президенти Қазоқ гап талош карда дар оқибати ин ба сари халқи Қирғиз мушкилӣ омад. Худаш бошад паиҳам мардумро ба сабр фаро хонда истодааст. Вақте ки “ ба тарзи дигар гапзанон мекунам” гуфт, вай чиро дар назар дошт? Магар ҳамин сабру бардоштро?

Феълу  хӯйи раҳбаронамон торафт обуранги разилона мегирад. Онҳо  торафт  ба сардороне табдил ёфта истодаанд, ки ба оқибати гуфтаҳояшон ҷавоб дода наметавонанд, алфозашон беҳад густохона аст!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт