Дар марзи Қирғизистон-Қазоқистон вазъият муташанниҷ гашт

Дар марзи ҚирғизистонҚазоқистон вазъият муташанниҷ гашт

 Тибқи  иттилои   сомонаи “Sputnik”  дар марзи  Қазоқистон   тартиботи қавӣ ҷорӣ карда  шуд.

 Мувофиқи хабаргузории  хадамоти марзӣ , ин  намуди  ҳолати низоми қавӣ рӯзи  10 октябри соли равон дар соати 18.00  аз ҷониби марзбонони Қазоқистонӣ роҳандозӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз дар марзи Қирғизистон  бо Қазоқистон навбати  дурударози  шаҳрвандон, мошинҳои  боркаш, мушоҳида  мешавад.

Хадамоти марзии назди Сарҳадии Қирғизистон  бошад маълум кард,  ки аз ҷониби  Қирғизистон ягон маҳдудият  таъин  нашудааст.

Аз рӯйи хадамоти Марзии Қирғизистон, дар сарҳади қирғиз-қазоқ дар  пунктҳои  “ Чон-Капқа”, “ Ақ Жол”, “Ақ-Тилек” ва “Чалдовар”  назорат пурзӯр  шудааст. Радиои  “Азаттык”  мегӯяд,  ки рӯзи 11 октябр ҷониби қазоқ дар пункти назоратии “Қордой” блокпост насб кардааст ва барои тафтиши мошинҳо аскарони  мусаллаҳро низ  ҷалб намуданд. Дар навбати худ нахуствазири Қазоқистон Бақит Сагитаев дар саҳифаи расмии худ дар  “Facebook” навиштааст:  “ Мо  ҳеҷ гоҳ чораҳои маҳдудиятро наандешидаем. Ба ғайри ин  мамлакати мо тӯли солҳои зиёд ба халқи қирғиз ёрдам мекунад, мо хоҳиши раҳбарияти Қирғизистонро бо камоли фаҳму фаросат қабул медорем”

Туркистон: 

Президентҳои Қирғиз ва Қазоқ  бо ҳамдигар қаҳрӣ шуданд. Чанде қабл Нурсултон Назарбоев номзад Ӯ. Бабановро ба қабулаш пазируфт ва бо ӯ суҳбат орост. Дар давоми мулоқот вай гуфт: Ман мехостам ки ба Қирғизистон як президенти ҷавони  соҳибтаҷриба раҳбар шавад”, ба ҳар ҳол бо чунин мазмун гап зад.

Раисҷумҳури Қирғизистон бошад зидди гуфтаҳои Назарбоев сухан ронда изҳороти тоза эълон намуд, ки дар он ба пиронсолии ҳамсоя ишора карда мешуд. Вай гуфт: Бисёр хуб мешуд ба ҷойи раҳбарони солхӯрда ҷавонони ғаюр ба сари қудрат оянд”. “ Қазоқистон якчанд бор ба корҳои дохилии Қирғизистон дахолат намуд, агар он давлат худро ислоҳ намекардааст, ман муомиларо тағйир медиҳам”- гӯён тундхӯӣ намуд.

Дар паёмади ин ҳолат “ ҳамсоя” қаҳрӣ шуду инак, тайи чандин рӯз марзи Қирғиз-Қазоқ таҳти назорати сахт қарор дорад.  Гуфтан мумкин аст, ки бо фармони махфии Назарбоев  тартиботи қавӣ ҷорӣ шудааст. Барқасдона бо баҳонаҳои гуногун  садҳо мошини боркашро аз марз намегузаронанд. Меваву сабзавоти  тар , маҳсулоти ширӣ ва ҳоказо рӯ ба талафот ниҳоданд, исроф шуданд. Шаҳрвандони ҳар дуи ин давлат миллионҳо зарари моддӣ дида истодаанд. Бар замми ин аз ин ҳолат тоҷирони  савдои чакана ва муҳоҷирини меҳнат , ки тарзи зиндагониашон вазнин аст, ба машаққат дучор омаданд. Тамоми ин мушкилот дар натиҷаи бадрафторӣ, кӯтоҳандешии раҳбарони ду кишвар ба миён омад. Онҳо аз ҳад гузашта дар раҳи фоидаи хеш, ба хотири иззати нафси хеш , обрӯ талош карда , халқи худро ба машаккат гирифтор карданд.

Атамбоев чандин маротиба аз худ рафта гӯё дар ҷойҳои нодаркор суханони беақлонаро ба забон овард. Ва дар паёмади он  алоқаҳояш бо нухбаи сиёсӣ ( атрофиёнаш), раҳбарони давлатҳои хориҷӣ халалдор шуд. Ҳол он ки Қирғизистон як давлати заифу кучакест, ки  иҷборан бо давлатҳои дигар аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва сиёсӣ алоқа ба роҳ мемонад. Барои раҳбари давлат бошад зарур аст бо гурӯҳи идоракунанда , арбобони давлатӣ ва нухбаи сиёсӣ алоқаи қавӣ дошта бошад. Ин масъалаи муҳим ба шумор меравад.

 Президенти Қазоқ низ гӯё “ аз асп фарояд ҳам аз узангу намефарояд”, яъне гарчанд суханони шунидааш сиҳҳат дорад, аздусар бидуни ягон андешаи фардо ҳам миллати худаш ва ҳам шаҳрвандони Қирғизро ба мушкилӣ мубтало сохт, аниқтараш ҷазо дод.

Борҳои транзитӣ, ки  муттасил Қазоқистонро убур мекард гуфтан мумкин аст ки қариб бозистод. Якояки  муҳоҷирони меҳнатии иборат аз шаҳрвандони Қирғизро пурсуҷӯ намуда, аз рӯйхат гузаронида , қисми бештари ононро аз кишвараш  ихроҷ карда истодааст. Президентҳоямон худашонро гӯё ба монанди подшоҳ эҳсос  мекунанд !

Мантиқ ҷустан аз гапҳои Атамбоев  корест беҳуда. Бар замми ин ба пиндори мо вай ягон мақсаде надорад ки бар асоси он ба  ягон фоидаи сиёсӣ  муваффақ шавад. Вале ба  пиндори мо  суханони вай дар ҳақи Назарбоев аз ҷониби неруҳои мухолифи Қазоқ писанд омад. Ин ҳолат ҳамчун ҳаракати  иғвогаронаи шадид алайҳи сохтори  Назарбоев арзёбӣ шуд.

Ҳол он ки Қирғизистон қудрате надорад ки ба ҳукумати Қазоқистон фишор оварда тавонад. Назарбоев мехоҳад айнан ҳамин чизро ба Атамбоев бифаҳмонад. Ин густохии  Атамбоев пеш аз интихобот, барои неруҳои мухолифати Назарбоев ва ҳукумати Қирғиз айни муддаост.  Зеро агар номзадии Ҷеенбеков ғолиб ояд, пас чашмдошт аст дар марзи Қирғиз- Қазоқ ҳолат боз ҳам ҷиддӣ шавад. Ин ҳолат бархилофи манфиати шаҳрвандони Қирғиз мебошад. Бояд эътироф намуд, ки дар ҳаргуна ҳолат ҳукумати Қазоқ иқтидор дорад ба Қирғизистон фишори сангин оварад.

Атамбоев ба Русия ва мадади он сахт эътиқод дошт, вале баръакси ҳол Русия ба ягон кори вай дахолат накарда истодааст. Чунки Путин ба ҳеч кадом ваҷҳ ба хотири Атамбоев зидди Назарбоев, ки раҳбари мамлакати аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ба шумор меравад,  ихтилоф варзад. Намехоҳад алоқаҳояшон коҳиш ёбад.

Аз ин ҷост, ки модоме агар Атамбоев расман аз Назарбоев бахшиш намепурсидааст, аҳволи баъд аз интихоботии мамлакат таасуфангез хоҳад шуд. Чунки барои сохтори Атамбоев гузаронидани номзодии Ҷеенбеков ба ҳайси президентӣ  масъалаи аввалиндараҷа  бошад, вазъияти минбаъадаи мамлакат низ муаммои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт