Пентагон  зиёдшавии теъдоди низомиёни амрикоиро  дар Афғонистон  тасдиқ намуд

Пентагон  зиёдшавии теъдоди низомиёни амрикоиро  дар Афғонистон  тасдиқ намуд

 Ба неруҳои маҳдуди ИМА дар Афғонистон боз зиёда аз 3 ҳазор низомӣ зам мешавад ва теъдоди умумии онон бештар аз 14 ҳазор  нафарро ташкил хоҳад кард. Ин хабарро рӯзи 18 сентбяри соли ҷорӣ намояндаи Пентагон Майкл Эндрюс тасдиқ намуд.

Тибқи иттилои ВАО  ба неруҳои маҳдуди ИМА то ба 3,5 ҳазор ҳарбӣ изофа мешавад.

Эндрюс мегӯяд:-“ Мо дар хусуси самти равонакардаамон  маълумот намедиҳем, чунки ҳаргиз намехоҳем ки душманонамон аз нақшаҳои мо бархурдор бошанд”.

То ба имрӯз  президенти ИМА Доналд Трамп  ба раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис иҷозат дода буд, ки неруҳои маҳдудро  то ба 4 ҳазор кас,  ( то ба теъдоди дилхоҳаш)  метавонад зиёд кунад.

Бар замми ин Трамп дар моҳи август стратегияи ИМА-ро доир ба Афғонистон эълон карда буд. Вай дар   хусуси ҷиҳатҳои низомии мавзеъгирии худ ҳарф назад, вале ишора бар он кард, ки аз сарзамини Ағонистон артиш дар  муддати наздик ихроҷ карда намешавад. Пентагон дар моҳи август теъдоди артиши ИМА дар Афғонистон баробари 11 ҳазор гуфт.

Туркистон:

  ИМА дар Афғонистон ҷанги низомӣ  роҳандозӣ карданӣ  нест. Вай  қаблан бо садҳо ҳазор аскараш Афғонистонро ғасб карда  ба амри худ тобеъ карда натавонист ! Оё кунун метавонад ?! Ҳаргиз !  Пас,  ИМА мақсади дигар дорад!

Вақтҳои охир дар  ҳудуди Афғонистон ҷангҷӯёни “ДОИШ”  пайдо шуданд. Тибқи аксари маълумотҳо, ин низомиёнро ИМА бо чархболҳояш аз ҷониби Ироқ ба Афғонистон кашонда истодааст. Ҳатто хабаре омада расид, ки “ДОИШ” бо “Толибон” бархӯрда чандин амалиёти ниҳебафганӣ сар задааст.

Хулоса карда гуфтан мумкин аст, ки  ИМА мехоҳад дар Афғонистон ҷангҳои фитнаагезро эҷод кунад,  пас аз он мехоҳад   байни ҳаракати “Толибон” ва “ ДОИШ” низоъ барангезад. Сониян пойгоҳи низомиашро дар Афғонистон тавсеа бахшида, тавассути он мехоҳад ҳар ду ҷонибро мусаллаҳ созад.

ИМА боз як мақсади дигар дорад, ҳамин тариқ мехоҳад қуввати ҳарбиашро дар  қисми шимолу шарқии Хитой тақвият диҳад. Яъне бо ҳамин  стратегии дерини худро ,  иборат аз  таҳти таъсири худ нигоҳ доштани  Хитой буд,  идома  диҳад. Ба таври дигар гӯем дар ҷониби Осиёи Марказӣ низ ба монанди Кореяи Шимолӣ минтақаи хатарнок пайдо намуда,  мехоҳад   вуҷуди ҳарбии худро алайҳи Хитой пурзӯр кунад.

Бешубҳа, кӯшиш дорад  аз ин ҳолати Афғонистон баҳри мавзеъгирии худ алайҳи мамлакатҳои Осиёи Миёна истифода барад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт