Дар  кохи  боҳашамат куштори Араканро сахт танқид карда,  сонӣ ба хонаҳои муфаххар баргашта омаданд

Дар  кохи  боҳашамат куштори Араканро сахт танқид карда,  сонӣ ба хонаҳои муфаххар баргашта омаданд

Бо баробари қатли омми Аракан Уммати Исломӣ вокуниши зарабонӣ намуд, баъдан созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз давлатҳо ба ҷунбиш омаданд. Лекин чун ҳарвақта онон ба ҷуз  интиқоди балансадо, ба ҷуз ёрӣ хостан аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва фаро хондан ба қабулияти паноҳандагони мазлум , ба ягон кори назаррас даст назаданд. Худро танҳо бо танқид маҳдуд сохтанд.

Бар сарварии СММ ва раҳбарони ташкилотҳои ҳамкориҳои Исломӣ , созмонҳои Ғарб барои  ҳаллу фасл  намудани масоили Аракан  мошинсавор ( бо мошинҳои люкс) ба меҳмонхонаи боҳашам гирд омаданд.  Якояки онон куштори Араканро  “ сахт танқид” карданд ва аз ҳодисаҳои рӯйдода изҳори нигаронӣ намуданд. Сонӣ боз ба мошинҳои люкс савор шуда ба истиқоматгоҳи боҳашамати худашон баргашта рафтанд.

Дар ҷаласа ташкилоти ҳамкориҳои Исломӣ  оташзании хонаҳои мусулмонҳоро дар вилояти Аракан сахт “ танқид” кард. Дар изҳороти хаттии ташкилот гуфта шуд, ки “низомиён алайҳи аҳолии осоишта тир холӣ  намуда, ҳамин тариқ масъулияти байналмилалии ҳукумати Бирмаро вайрон карданд”.

Дар изҳорот омадааст:-“ Аксарият   деҳоти минтақа  ва зистгоҳҳои одамон аз ҷониби  кормандони пулис ва  гурӯҳҳои фидоии аскарон ба тарзи доимӣ вайрону валангор карда шуд. Дар натиҷаи он ҳазорҳо одамон иҷборан  минтақаро тарк гуфтанд”.

Баъди вохӯрӣ намояндагони доимии СММ –и Англия Матто Рйсрофт ба хабарнигорон изҳорот доду чунин таъкид намуд:-“ Гарчи дар ин ҷамъомад алайҳи бутпарастони золим ягон чора андешида нашудааст, аздусар ин ҷаласа хеле судбахш баргузор гардид”.

Рйсрофт  боз чунин илова намуд:-“  Вазъияти муташанниҷи Бирма бароямон ташвишовар аст. Мо ҳаргуна рӯйкарди зӯроваронаро рад мекунем, тарафҳоро барои ҳамдигарфаҳмӣ фаро мехонем”.  Дабири кулли СММ Антонио Гутеррес бошад дар изҳороти худ аз  паёмади “ Амалиёти бехатарӣ”- ки  дар Аракан роҳандозӣ шуда сабабгори марги   аҳолии осоишта шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Ҳукумати Туркия низ  ташвиши худро  аз ҷараёни  ҳодисаҳои рӯйдода изҳор намуд, ҳароина ин ҳукумат ҳангоми  сар задан сӯхтори Исроил фавран  ҳавопаймои оташхомӯшкунандаашро сафарбар сохта буд. Вазири умури хориҷии Туркия Мевлут Чавушӯғлӣ  дар воқеаҳои хунин асосан гурӯҳҳои тоифапарастро айбдор номид ва тамоми аҳли оламро хоссатан дунёи Исломро   ба ҷои сукут кардан ,барои интиқод даъват кард .

“ Мо зидди ҳаргуна қатлу куштор мебошем. Алҳол бо  тамоми ҷаҳон алоқа дорем. Бар дӯши давлатҳои минтақа вазифаҳои гарон бор шуда истодааст. Мо ҳамчун давлати Туркия масъулиятамонро ба иҷро мерасонем. Бо вазирони умури хориҷии он ҷо ( Бирма) вазирони мо алоқа ба роҳ монданд. Мо ба эшон гуфтем ки ҳалли муаммо  ҳатмист ва мо  барои ҳаргуна ёрдам омода ҳастем. Фақат байни гурӯҳҳои тоифапараст раҳбарони динӣ вуҷуд доранд.  Ба ин ҳолат тамоми олам хоссатан дунёи Ислом набояд беэътино бошанд , асло сукут наварзем ва   мунтазам одамонро  ҳушдор кунем”- гуфт Мевлут Чавушӯғлӣ.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт