Коршиносони  ИМА:  Мо дар Афғонистон қабри  худро меканем

Коршиносони  ИМА:  Мо дар Афғонистон қабри  худро меканем

 Президенти ИМА Доналд  Трамп шабонгаҳи  рӯзи душанбе стратегияи тозаи ИМА-ро доир ба  Афғонистон эълон карду   ваъда дод, ки  ба   Афғонистон аскари фаровон фиристода  дар ҷанг  муваффақ мегардад.  Стратегияи нави президент Трампро ҳамчун ҷалбсозии  Амрико  ба ҷарӣ арзёбӣ намуданд.

Трамп дар пойгоҳи низомии  берун  аз   Вашингтон нутқ эрод карда афзуд:-“ Натоиҷи ақибнишинии  фаврӣ аз  як ҷиҳат фоидаовар бошад аз  тарафи  дигар зараровар  аст.  Агар саросема ақибнишинӣ  кунем, бас  хараҷу мараҷ эҷод  мешавад. Дар натиҷа  ин беназмиро ДОИШ ва ё  Ал- Қоида  пурра  месозад”, “ Мо асло боз як халқи нав пайдо карданӣ нестем, балки ифротгарҳоро маҳв хоҳем намуд”.

Президент Трамп дар кампанияи Интихоботӣ   ваъда дода буд, ки тадриҷан неруҳои ИМА-ро аз Афғонистон хориҷ мекунад.

Мушоҳида мешавад, ки қарори тозаи Трамп аз ҷониби мушовирони низомӣ бо баҳои манфӣ арзёбӣ мешавад. Коршиноси Амрико оид ба масоили бехатарии миллӣ Метю Росенберг  зимни гузориш ба ожонсии Ню-Йорк Таймс  ва  СНН тазоҳуроти худро ба стратегияи нави президент  изҳор намуда гуфт, ки :-“ мо барои ғалаба мубориза мебарем – ин чӣ гапи нави мубҳам аст? Ҳароина 100 ҳазор аскари амрикоӣ то ба ҳоло Толибонро маҳв карда натавонист”.  Депутат Валтер Жонс   низ ба  қарори нави Трамп баҳо дода чунин илова намуд:-“ Таърих шоҳид аст, Афғонистон қабристони императориҳо шудааст. Амрико низ тӯли 16 сол инҷониб қабри худро он ҷо меканад”.

Ҳаракати Толибон низ  дар навбати худ дар хусуси  “стратегияи нав”-и Доналд Трамп изҳороти расмӣ дода чунин гуфт:-“ Аз  ғасби Амрико халос кардани Афғонистон ин масъулияти  динӣ ва миллии  мо ба шумор  меравад. То ба вақте, ки дар ҷисмамон  ҷон ҳаст, мо ба  ин вазифа содиқ мемонем. Хуб мешуд Амрико ба ҷои ҷангҷӯӣ дар хусуси берун баровардани артиши худ андеша кунад. Агар Амрико сарбозони худро  хориҷ накунад, Афғонистон ҳамчун қабри империяи Амрико боқӣ хоҳад монд ва дар ояндаи наздик раҳбарони Амрико вуқӯъи воқеаро бо чашми сар хоҳанд дид”.

Туркистон:

Ҷанги  Афғонистон , ки  16 сол инҷониб идома дорад ва  сабабгори  марги  ҳазорҳо аскарон, боиси маъюбу маҷруҳшавии  даҳҳо ҳазор  сарбозон гардидааст, дар таърихи Афғонистон  ҷанги аз ҳама тӯлкашида ба шумор меравад. Воқеан ИМА, ки аз ҷанги Ироқ фарсудаву хаста баромад , аз як сӯ баҳори Араб, хусусан масъалаи Сурия ИМА-ро бемадор сохт. Аз  ин рӯ ИМА ба  Афғонистон на он қадар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир  накарда буд.

Аммо мебинем, ки имрӯзҳо Амрико стратегияи худро аз сари нав дида баромад. Чунки гарчанд 16 сол Амрико ва НАТО бо таҷҳизоти замонавии низомӣ дар Афғонистон ҷанг бурд, аздусар ноким шуд. Инчунин аз гуфтунушидҳои осоишта  бо Толибон ба ягон мақсади назаррас ноил нагардид. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки вазъи Афғонистон баъди ин 16 сол боз ҳам муташанниҷ аст.

Тибқи омори омодакардаи бунёди “Carnegie Foundation”   арзиши  ҷанги Афғон барои ИМА баробари 23 миллиард доллар мебошад. Ин  ба маънои он аст, ки идораи ИМА дар ҳар соат барои ҷанг бештар аз 2,5  миллион доллар харҷ мекунад. Чунончӣ дар ҳисобот ба ғайри масрафи молӣ дар хусуси поён ёфтани гузинаҳои ИМА дар он сарзамин таъкид карда мешавад.

Инак, Амрико  дар Афғонистон ба бӯҳрони шадид ва бечорагӣ мубтало шуд. Аз ин боис маҷбур аст ҳарорати ҷанги Афғонро андаке хомӯш созад. Бо ҳамин мақсад талаб дорад ба Афғонистон  низомии иловагӣ фиристода шавад. Гарчанд ин ҳаракатҳои ИМА ҳалли муаммо нест, вай ба ҷуз ин роҳ чораи дигар надорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт