ИМА ба  Афғонистон  4 ҳазор аскари  иловагӣ фиристод

ИМА ба  Афғонистон  4 ҳазор аскари  иловагӣ фиристод

 Бар пояи иттилоъи  расонаҳо , Доналд Трамп, райисҷумҳури  ИМА фармонеро  ба тасвиб расонд, ки ироаи 4 ҳазор низомиро ба Афғонистон дар назар дорад.

Гуфтанист, Доналд Трамп чаҳорумин раҳбари Коҳи Сафед, ки барои ба эътидол овардани авзои Афғонистон  тасмим мегирад. Аз ин лиҳоз вай бу халқи ИМА муроҷиат намудааст. Вай хитобан таъкид намуд, ки Амрико бояд ваколати аскарони дар Афғонистон будаи худро тавсеа бахшад ва алайҳи терроризм  муборизаи босамар ба роҳ монад. Ин хабарро РИА Новости пахш намуд.

Трамп гуфт:-“ Мо бо мақсади  барҳам додан ба зӯроварӣ, ифротгароӣ ва мутаасибгароӣ дар Афғонистон ва барои мубориза  алайҳи гуруҳ ва ашхоси разолатпеша, ки тухми бесуботӣ мекошанд,  ҳатман бояд ваколатҳои неруҳои мусаллаҳи Арикоро тавсеа бахшем”.

Бо баробари ҳамин ба андешаи вай  агар Амрико артиши худро аз Афғонистон  ихроҷ кунад, пас дар он кишвар  бесуботӣ ба миён меояд. Дар он сурат гурӯҳҳои ифротгар   фурсатро ғанимат медонанд.

Раҳбари давлатии ИМА,  Покистонро  дар пуштибонии паноҳандагон айбдор гуфт

Ӯ зимни гузориши телевизионӣ афзуд:-“ Ҳукумати Покистон ба бесуботӣ ва зӯроварӣ имконият фароҳам овард”.

 Ба  андешаи Трамп, сиёсати Исломобод таҳдидовар аст, чунки Ҳиндустон ва Покистон аз зумраи давлатҳое мебошанд, дорои аслиҳаи ядровӣ  ҳастанд ва чашмдошт аст муносибатҳои минбаъдаи  онҳо моҷароҷӯ шавад”.

 Туркистон:

  Трамп, “ Мо акнун дар ин кишварҳо демократияро тарғиб намекунем, бас аст “- гуфт. Аз ин мебарояд ,  ИМА  аз услуби мубориза тавассути мафкураи демократӣ даст мекашем ,гуфтан  дорад. Аниқтараш вай мағлубияти худро бо набарди мафкураи Исломӣ эътироф карданист!

 Таҷовузи  ҳарбӣ бошад услуби  заифтарин ва ниҳоии истило ба шумор меравад. Ҳар кадом давлате ки  ба давлати дигар мафкураашро ворид карда наметавонад, онро бо қуввати ҳарбӣ фишор меоварад, ба монанди одаме ки дар таги пояш маводи тарканда бошад, хаставу бемадор месозад. Мо ин ҳолро дар таърихи Афғонистон мушоҳида кардем. Афғонистонро  якчанд давлатҳои ғасбгар тайи  чандин даҳсолаҳо  айнан дар чунин авзо нигоҳ доштанд.

Мафкураи куффор ҳамчун мабдъа аз байн рафта , несту нобуд шуда истодааст! Олами куффор онро тавассути қуввати низомӣ таҷовуз карда ҳамин тариқ мағлубияти хешро пинҳон кардан мехоҳад. Аз ин рӯ табақаи  идоракунандаи Амрико, ба сари қудрати ИМА  як шахси сабукандешро ба монанди Трамп оварда, ки дар олами сиёсат тамоман обрӯ надорад.

Акнун бошад маъмурияти ИМА  ба монанди Трамп  башараи ҳақиқии худро,  яъне чеҳраи беҳаё, фиребгар, дурӯя ва беномусашро ба аҳли дунё намоён карданист. Агар ин сиёсати трампонидаи вай ноком шавад, онгоҳ ба осонӣ Трампро аз сари қудрат барканор месозанду дигареро интихоб, ҳамин тариқ шояд мамлакат сиёсати худро тағйир диҳад.

Дар гузашта айнан бо ҳамингуна сиёсат ба  ҳайси президентӣ Бушро интихоб карда буданд. Вай низ тавассути қуввати низомӣ алайҳи Ислом ва мусулмонҳо ҳаракатҳои рӯйкарди зӯроварона анҷом дод, куштори ҳамагонӣ роҳандозӣ кард ва дар рӯйхати сиёҳи  сатрҳои таърих ҳамчун разолатпешаи золим нигошта шуд.

 Инак, ИМА тавассути Трампи кӯтоҳандеш  бори дигар мехоҳад дар Афғонистон бесуботӣ эҷод кунад.

Мақсад, Кореяи шимолиро такон дода, мехоҳад пойгоҳи обиашро , ки дар  ҷониби қисми ғарбии Хитой мавҷуд аст,  мустаҳкам кунад. Дар  Афғонистон, ки  бо қисми шарқии Хитой ҳамсарҳад аст  вазъияти муташанниҷ пайдо намуда мехоҳад неруҳои низомиашро дар минтақа тақвият бахшад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт