Ҳукумати Ҳиндустон даҳҳо ҳазор мусулмонҳои Роҳингяро аз кишвар   хориҷ карданист

Ҳукумати Ҳиндустон даҳҳо ҳазор мусулмонҳои Роҳингяро аз кишвар   хориҷ карданист

 Ҳукумати Ҳиндустон машваратан бо ҷониби Мянма ва Бангладеш , рӯзи ҷумъаи гузашта масъалаи депорт намудани ҷамоати мусулмонҳои роҳингяро иборат аз 40,000 кас  ,  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз солҳои 90-уми асри гузашта инҷониб  қисми  асосии  аҳоли роҳингня аз таъқиби будпарастони Мянма гурехта, ба Бангладеш  фирор  карданд, ҳамчунин марзи Ҳиндустонро убур намуда ба қисми ғарбии мамлакат ҷойгир шуданд. Тибқи маълумоти Ню-Делии расмӣ,  теъдоди 14,000  нафар расман аз ҷониби агентии Муҳоҷирати СММ, қайд гардидааст.

Намояндаи вазорати умури Дохилии Ҳиндустон Дҳатвалиа афзуд:-“ Ин муаммо танҳо тавассути музокироти дипломатӣ дар дараҷаи ҳукуматӣ, ҳалли худро хоҳад ёфт”.

Рӯзи 9 октябри соли гузашта бо баҳонаи ҷавоб додан ба ҳамлаи ташкилоти “Ҳаракаҳ ал- Яқин” бар постҳои марз, алайҳи мусулмонҳои роҳингня  таъқиб ва куштори ҳамагонӣ сар карда буд. Аз ҳамон вақт инҷониб  ҳудудан 75,000  мусулмон роҳингня ба Бангладеш кӯч бастанд. Дар айни маврид дар Ҳиндустоне, ки аз 1,3 миллиард аҳолӣ иборат аст, бекорӣ, камбизоатӣ ва тарзи пасти зиндагонӣ, бар замми ин ихтилофоти динӣ- этникӣ  ҷамоати мусулмонҳоро  хаста кард.

 Алҳол қисми калонтарини роҳингяҳо дар Уттар Прадеш, Ҷамму, Ҳаряна ва дар қисми шимоли Деҳлӣ иқомат доранд.

Туркистон

Бутпарастони Мянма  алайҳи мусулмонҳои вилояти Аракан зулму шиканҷаро раво дониста, бидуни мамониат тавассути усулҳои гуногун онҳоро қатл намуда,  хонаҳояшонро оташ зада, фарзандҳоро ба азобҳои шадид гирифтор сохта,  ба шаъни занону духтарон таҷовуз карда , дар ҷиноятҳои қабеҳонаашон мудовимат доранд.  То ба имрӯз кушторро бутпарастони оддӣ анҷом медоданд, инак феълан  ба ингуна ҷиноятҳои разилона  артише бар сарварии ҳукумат  камарбаста шуд. Давлат як артиши калонро ба деҳоти араканиҳо сафарбар намуд.

Қайд намудан шарт аст, ки бо вуҷуди ин қадар қатлу куштор ва таҷовузҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ пинак вайрон намекунад, аҳёнан аз дур истода нимнигоҳе мекунаду бас! Ҳатто дар чунин ҳолат ба ҷуз изҳори нигаронӣ ба ягон кори дигари назаррас даст намезанад. Дар ин хусус гӯё ҷомеаи байналмилалӣ нобино ва гӯшаш ношунаво аст. Дар хусус раҳбарони кишварҳои исломӣ  ҳоҷати ҳарф задан нест.  Ҳангоме ки бутпарастон Мусулмонҳо- бародарону хоҳарони моро бо досу чӯбу оҳан пеш карда мекушанд, артиши Мусулмонҳо ҳатто барои як тир холӣ кардан ҷониби душман  намешояд.

То ба кай ин ҳол идома меёбад, то ба кай?!!!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт