Сатру ҳиҷоб фарҳанги бегона бошад, ҷисми урён фарҳанги худӣ?

Сатру ҳиҷоб фарҳанги бегона бошад, ҷисми урён фарҳанги худӣ?

Ба қавли сомонаи «Озодагон» Даҳҳо гурӯҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.

Ин ҳол дар байни мардум сарусадои баланд эҷод намуд. Яке аз бонувони ҳақиқатпеша, адвокати шинохтаи  ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қарор изҳори андеша намуда чунин гуфт:-

“Пешгирандаи сатру ҳиҷоб. Чаро пешгирандаи миниюбкаву думбахои урёну синаҳои ба намоишгузоштаи занҳои ба кавли худашон «замонавӣ» нестанд? Е Раиси қумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омадааст, ки зани сатру ҳиҷобпӯш ифротӣ мебошаду, занхои кунлуч мояи амнияту ороми? Магар куни кушода фарҳанги тоҷиконаву сатру ҳичоб фарҳанги бегона? Дар дилу дидаи Шумо, ақлу заковати Шумо, фаҳму фаросати Шумо як зарра мафҳуми мантиқ ҷой дорад? Фикр мекунам, ки Шумо аз мантиқ, хирад, заковат фарсахҳо дуред.
Хуб, максаду мароми Қумита ва гурӯҳи созмондодаашон аз байн бурдани сатру ҳиҷоб будааст. Пас оё Қумита ягон иқдом барои аз байн бурдани думбахои нимурёну синаҳои боз, фаҳшу фасод, он фоҳишаҳои қади кӯча, ки ошкоро худро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд, дар нақша дорад? Е танфурӯшии фоҳишаҳои бо либоси замонавии нимурён фарҳанги тоҷикон мебошад?

Ҳамин мафҳуми сабилмондаи «аз байн бурдан»-ро агар Қумита шарҳ медод хеле олӣ буд. Сатру ҳиҷобро, ки аз байн бурдед, ба чои он чи пешниҳоде доред? Дар тобистон шортику, дар зимистон джинсу мини юбка? Акнун як суол ба ин раисаҳои намедонам муҳтарам ё номӯҳтарам бошанд, дорам: Ман сад дар сад мутмаинам, ки ҳеҷх кадоме аз аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи шаҳр ва е пойтахт нест. Шояд, бо  мурури замон вориди пойтахт гардидед. Акнун бигуед, ки оё дар деҳа модари Шумо бо сару куни луч ва мини юбка мегаштанд? Либоси онхо ягон вақт мояи баҳс буд? Магар онҳо намозхон набуданд? Намозро бо либоси нимурёну тани луч мехонданд?”.

Туркистон:

Воқеан суханони  бонуи ҳақиқатпеша Файзинисо Воҳидова сад дар сад дуруст аст, аслан ҳиҷоб либоси Шаръии мо мусулмонҳо ба шумор меравад ва аллакай ба урфу одати мо мубаддал гаштааст.

 Ба қавли Дилшод  -яке аз соҳибкорони ҷавон, феълан мусулмонҳо дар ватани худ ҳамчун ғариб умргузаронӣ доранд.

“ Ман ба наздикӣ хонадор шудам – бо таасуф мегӯяд Дилшод-  орзу доштам, ки зани солеҳаро издивоҷ кунам ва бо хонаводаи пок ва  аз фазои имонӣ нашъа гирам, вале муҳити зистам ба орзуҳои ман садди роҳ гузошт. Ман ҳаргиз намехоҳам  ки арӯсам дар қади роҳ бо либосҳои нимруён ба чашми номаҳрамҳо равуо кунад. Дидани чунин манзара бароям хеле гарон аст, ин  ҳолатро нафсу ғурури ман ҳазм карда наметавонад. Агар ҳатто арӯсамро  ба кӯча набароварда, дар хона нигоҳ дорам ҳам, аздусар аъзои Қумитаи кор бо занону духтарон омада, бо ҷубронпулӣ таҳдид мекунанд. Хуллас , ба  ҳаёти шахсии ман дахолат карда, осуда намегузоранд. Бисёр андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки бояд  роҳи баромади ин муамморо ҳарчӣ зудтар  ёфтан даркор.  Ман ба ҷуз  фирор аз ватан   чораи дигар надорам.  Ман  ҳамсарамро  бо худ Русия мебарам, ба  ҳар ҳол шояд дар кишвари урусҳо алайҳи ин ҳиҷоб то ба ин дараҷа фишор набошад”.

Бародарони гиромӣ, воқеан нуқтаи  нозуки ҳаргуна муслимин ор-номус, аҳли хонавода, хоссатан модару завҷаву хоҳари ӯст. Системаи куффор ба қадри тавон алайҳи арзишҳои исломӣ муборизаро шиддат дод, дар ин ҷода раҳбарони кишварҳоямон, кормандони умури дохилӣ, кормандони милитсия ва ҳатто Қумитаи кор бо занону духтарон  хидматрасонӣ мекунанд.

Тайи чандин солҳо ҳукумати Тоҷикистон наврасонро аз зиёрати масоҷид манъ карда, зидди риш  баромад кард, ҳамин тариқ алайҳи Ислом ҷаҳд намуд. Вале халқи бечора ба ин  фишорҳои куффор  лоилоҷ таслим шуд. Яъне ягон кас   ба таври ошкоро исён накард. Аз ин рӯ олами куффор дар он сарзамин  ба ягон натоиҷи назаррас ноил нашуд.  Амиқтар гуфтанӣ бошем, олами куффор, хоссатан  барои неруҳои рус ягон сабаби ҷиддӣ рӯй надод, ки онон  ҳамчун  барпокунандагони сулҳу субот ба Тоҷикистон дахолат кунанд.

Аз ин лиҳоз, зарурати нохун задан ба нуқтаҳои нозуки мардум пеш омад. Халқи тоҷик  аз рӯи табиати худ бадрашк аст, дар раҳи ҳифзи ору номус барои ҷонфидоӣ тайёр аст. Тоҷикон ба аҳли хонавода,  ҳамсару хоҳаронашон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Табиист, агар барои кушодани сатри занон маҷбур карда шавад, ин ҳолат ба нафси мардони тоҷик таъсири манфӣ мерасонад.

Аммо агар (  Худоё паноҳ)  мабодо  ин  кампанияи мубориза алайҳи ҳиҷоб ба нуқтаи авҷ бирасад, шояд мардум дифоъ аз сатру ҳиҷоб намоянд ва тазоҳурот кунанд. Барои олами куффор, хусусан барои Путин ин чиз айни муддаост.  Соли гузашта дар Қирғизистон алайҳи ҳиҷоб мубориза оғоз шуд, ба  кӯчаҳо овезаҳо бароварданд ва “ Ҳушдор бошед мардум, мо куҷо меравем?”  — гуфта навиштанд ва гӯё одамонро аз  оқибати сатрпӯшӣ огаҳ карданӣ шуданд. Вале ин чиз олами куфорро ба ҳадафи хеш  муяссар накард.  Чунки эшон дер карданд.  Зеро на танҳо  намояндагони миллатҳои дигар, балки занону духтарони қирғиз аллакай ҳиҷобро ҳамчун яке аз фароизи дини Ислом қабул намудаанд.  Ва муҳаҷҷиба шудани  занону духтарон барои ҷомеа ба як одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ ингуна манёврҳои куффор бенатиҷа монд. Бар замми ҳамаи ин ҷароҳати аз ҷанги шаҳрвандӣ   чашидаи мардуми  ҳоло ҳанӯз шифо наёфтааст,  халқи қирғиз ва ӯзбек дигар ҷангу ҷидол намехоҳанд.

Дар Тоҷикистон бошад ҳолат  батамом дигар аст, мардуме ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, аллакай бузург шуданд, дар паёмади он даҳшати ҷанг ва оқибатҳои он аз хотири одамон зудуд шуд. Ҷавонон бошанд бар асоси  барномаи таълими системаи алмонӣ  тарбия ёфтаанд. Дар назди онон ба ҷуз эҳтиром ба Пешвои Миллат, ватанпарварӣ ва миллатдӯстӣ  муқаддасоти дигар вуҷуд надорад.

Бешубҳа, барои он ки Путин  нуфузи худро дар мамлакатҳои тобеъ тақвият бахшад, шарт аст , ки ягон сабаб ба миён ояд. Дар айни маврид  барои Русия , ҷойи мувофиқ Тоҷикистон аст , беш аз ҳама вилояти ҳамсарҳад бо Қирғизистон  хеле қулай аст.

Феълан Русия ба кӯчаи сарбаст дармонд, аз ин рӯ барои аз сари нав барқарор шуданаш барояш зарур аст аз хидмати ҳукуматдорони Осиёи Миёна истифода барад. Ҳатто бар ивази гузашт кардан аз қарзҳои калонҳаҷм бошад ҳам, бояд ҷониби мақсаду маромаш ҳаракат кунад. Чораи ягонаи Путин ба андешаи мо ҳамин аст.

Раҳбари Русия зимни вохӯриаш бо президенти Қирғизистон, мақсаду мароми хешро бо забони Алмазбек Атамбоев маълум кард. Агар дар хотир дошта бошед онгоҳ Атамбоев  ҳамчун  чораи бехатарӣ ,  аз Путин хоҳиш карда буд, ки Русия дар қисми ҷануби мамлакати Қирғизистон  пойгоҳи низомӣ барпо созад.

Шояд  кампанияи мубориза алайҳи ҳиҷоб воқеан  барои  лоиҳаҳои Путин замина хоҳад шуд. Зеро мубориза алайҳи ҳиҷоб айнан дар вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст, ин вилоят ҳамсарҳади вилояти  Баткени ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Заминҳои наздимарзии вилояти  Баткен аз саҳроҳои васеъ иборат аст. Бар замми ин пости сарҳади он ҷо яке постҳои бехатартарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ халқи оддӣ, тоҷирон ва соҳибкорон бо ташвиши рӯзмарраи худ    марзи  ду давлатро бидуни ягон мамониат  ва раводид убур мекунанд.

Мунаввара ,узви шӯъбаи иттилоотӣ 

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт