Ғӯтаваршавии ИМА ба мурдоби Афғонистон!

Ғӯтаваршавии ИМА ба мурдоби Афғонистон!

 Аз соли  дахолат кардани ИМА ба Афғонистон, яъне аз соли 2001 инҷониб  вай рӯзафзун ба мурдоби жарфнок  ғӯтавар шуда истодааст. Дар мобайни  16 сол Амрико бо баҳонаи мубориза алайҳи Толибон ва зидди халқи афғон триллонҳо долларро  аз даст дод. Дар кӯҳсорони Афғонистон бештар аз 2300 аскараш ҷон бохт. Зиёда аз 20 ҳазор сарбоз маъюбу маҷруҳ шуда ба хона баргаштанд.

Давлати абарқудраттарини дунё алайҳи як ҳаракате, ки дорои ягон давлат нест қариб 16 сол ҷанг кард, вале бо вуҷуди ҳамин вазъи Афғонистон пеши назари ИМА ва НАТО ҳамоно муташанниҷ мемонад. Гарчи  дар ҷанги зидди Толибон ва халқи афғон бештар аз се триллион доллар масраф   кардааст,  аздусар комёбии Толибон, ки қариб 50% қисми мамлакатро ишғол намудааст, боиси ташвиши  генералҳои НАТО  ва ИМА гардидааст.  Баъди  амалиётҳои пайдарпайи низомӣ   аз ҷониби Толибон ҳатто   Қобул, ки барои ИМА ва НАТО ҷойи бехатартарин ба шумор мерафт, ҳамчу  маскани  пурталотум манамояд. ИМА ва НАТО  сабру қарор гум кард

 Толибон таҳти номи “ Амалиёти Мансура” торафт  дар ҳамлаҳои баҳорӣ  мудовимат дорад. Аз рӯйи  изҳороти  расмии паҳнкардаи ҳаракати Толибон, амалиёти Мансура алайҳи аскарони хориҷӣ нигаронида шудааст.  Тибқи хабари вопасин, ҳаракати Толибон дирӯз як  танкро дар ноҳияи Бағрам тарконд ва дар натиҷа  4 сарбози амрикоӣ кушта шуд. Якчанд рӯз қабл   дар Қобул зидди мошини низомии  НАТО ҳуҷум ба вуқӯъ пайваст ва дар он  8 нафар ҳалок ва 25 кас захмдор шуда буданд.

Дар айни замон ҳукумати Афғонистон  дар рӯ ба рӯи неруи Толибон шикасти ҷиддӣ дид вале аздусар боз хабарҳои лағвро паҳн карда истодааст. Неруҳои Толибон қариб тамоми ноҳияҳои вилояти Қундузро , ки  дорои аҳамияти стратегӣ  мебошад аллакай таҳти назорати худ қарор додааст.  Вале ҳукумати Афғон бо лағвпардозии худ ба телвизиони ҳукуматӣ гузориш дода гуфт, ки ҳамаи ноҳияҳо дар ихтиёри ҳукумати феълӣ мебошад.

Ҳол он ки ҳаракати Толибон  тавассути навори видеоӣ  дар назди бинои ҳукуматӣ истода гуфт, ки ноҳияи  гирду атрофи Қундуз  таҳти назорати онҳо қарор дорад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт